Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду инфиҷор дар Ироқ мунҷар ба ҳалокати 5 нафар шуд


Бар асари ду инфиҷор дар Ироқ панҷ нафар кушта ва 79 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар шаҳри Туз-Ҳурмато, воқеъ дар 170 километрии шимоли Бағдод, бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар канори манзили як мансабдори шӯрои вилояти Киркук 5 нафар кушта шуданд. Дар ин ҳодиса ба чандин манзили зист осеб расидааст. Аз ин пеш як мошини дигар дар шаҳри Бақуба, дар назди хонаи як корманди полис, инфиҷор кард. 32 нафар, асосан занону кудакон, ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG