Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши нигоҳи мусбати мусулмонон ба Амрико


Моҳи июни соли 2009 раисиҷумҳури ИМА Барак Обама аз минбари баланде дар Қоҳира, пойтахти Миср, эълом дошт, ки вартаи ҷудоӣ байни Ғарб ва ҷаҳони исломро ба ҳам хоҳад зад. Як сол пас аз ин суханронӣ нигоҳи мусбати мусулмонон ба Амрико дар ҳоли коҳиш аст.

Ин яке аз натиҷаҳои пажӯҳишест, ки Маркази мутолиоти Пюи Иёлоти Муттаҳида дар байни 25 ҳазор нафар дар 22 кишвари ҷаҳон анҷом додааст. Раиси ин марказ, Эндрю Коҳат мегӯяд, "дар як соли гузашта назари ҷомеаи мусулмон ба президент Обама, ки мо мавриди омӯзиш қарор додем, бештар интиқодӣ шуд. Ва хусумат ба Иёлоти Муттаҳида дар Туркия ва Покистон бетағйир монд. Барои намуна, дар он ҷо ҳамагӣ 17 дарсад ба Иёлоти Муттаҳида назари мусбат доранд."

Дар Миср ҳам хушназарӣ ба Амрико то 17 дарсад коҳиш ёфт, ки пасттарин нуқта дар панҷ соли охир аст. Дар Туркия бовар ба Обама дар як соли гузашта 10 хол поин афтод. Ҳол он ки Туркия аз наздиктарин ҳампаймонҳои мусулмони Амрикост.

Хушназарии мусалмонони Инденозӣ ба ИМА

Дар байни кишварҳои мусулмоннишин баландтарин дараҷаи муносибати нек ба Амрико дар Индонезӣ боқӣ мондааст, ки Обама дар тифлӣ чанд сол дар ин кишвар ба сар бурдааст.

Пажӯҳишгарон сабабҳои ин тамоюлро мавриди таҳқиқ қарор надодаанд, аммо кишварҳои мусулмон дар пайванд бо талошҳои зиддитеррористии Амрико низ муносибати манфӣ нишон дода, аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон пуштибонӣ кардаанд.

Ҷанг дар Афғонистон дар кишварҳои ғайримусулмонӣ низ бештарин ноқаноатмандиро ба вуҷуд овардааст. Чунончӣ, аз 21 кишвар 15-тоаш аз он интиқод кардаанд ва сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро ҳамоно яккатозона номидаанд.

Мизони маҳбубияти Обама

Аммо ин ҳама сабаби коҳиши баҳои мусбат ба Обама дар ҷаҳон нашудааст. Дар Олмон 90 дарсад ба Обама изҳори эътимод карданд, дар Ҷопон 76 ва дар Нигерия 84 дарсад. Ҳамзамон пажӯҳиш нишон дод, ки Обама дар хориҷ аз кишвараш назар ба дохил маҳбубтар аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳанӯз ҳам бисёриҳо давраи Обамаро ба давраи Буш муқоиса мекунанд.

Таҳримҳои зидди Эрон, ки ҳукумати Обама, ташаббускори эълони онҳо будааст, дар аксари кишварҳо ба баландтарин ҳад пуштибонӣ шудаанд.

Рейтинги Эрон, Чин ва Ал-Қоида

Коҳат мегӯяд, "тақрибан дар ҳар кишвар, аз ҷумла кишварҳои мусулмоннишин, аксарият ба Эрони соҳиби силоҳи ҳастаӣ мухолифанд. Пуштибонӣ аз таҳримҳои иқтисодӣ хеле густарда аст, аммо аз истифодаи нерӯи ҳарбӣ зиёд, вале на густарда."

Аз кишварҳои мавриди пажӯҳиш танҳо дар Покистон аксарияти пурсидашудагон, 58 дарсад, гуфтаанд, аз Эрони соҳиби силоҳи ҳастаӣ ҳимоят мекунанд. Дар Лубнон, аммо, 91 дарсади аҳолии шиъа низ аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ пуштибон шудаанд.

Аз сӯи дигар, бори аввал аст, аксарияти посухдиҳандагон на Иёлоти Муттаҳида, балки Чинро бузургтарин қудрати иқтисодии ҷаҳон номидаанд.

Ҳимоят аз террористон дар миёни аҳолии мусулмон низ хеле кам будааст, ҳарчанд ними мусулмонони Нигерия гуфтаанд, ба Ал-Қоида назари мусбат доранд.
XS
SM
MD
LG