Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул дар коркарди конҳо ба Ҷопон бартарӣ медиҳад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз омодагии Ҷопон барои сармоягузории конҳои маъдани кишвараш истиқбол кард. Сарвари Афғонистон, ки айни ҳол бо як сафари расмӣ дар Токио ба сар мебарад, рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо тоҷирони ҷопонӣ гуфт, ки "маънаван, Афғонистон дар коркарди конҳо бояд ба кишварҳое авлавият диҳад, ки тайи чанд соли ахир ба Афғонистон кумаки густарда кардаанд. Бигирем, агар Ҷопон ба Афғонистон ба маблағи тақрибан шашу ним миллиард доллар кумак кардааст, пас бояд Афғонистон дар ҷавоб гоме гузорад. Мо бояд чӣ гуна ҷавоб бигӯем? Тавассути ана ҳамин имкони коркарди маъданҳо мо бояд ба иродаи неки ҷопониҳо посух гӯем ва ба онҳо дар таҳқиқу ихроҷи маъданҳо бартарӣ диҳем".
Чанд рӯз қабл вазорати умури хориҷаи Амрико хабар дод, ки геологҳо ё заминшиносҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба маблағи як триллион доллар захираи маъданҳоро ошкор карданд. Гуфта мешавад, дар Афғонистон, аз ҷумла, захираи бузурги литий пайдо шудааст, ки дар тавлиди компутарҳо ва телефонҳои ҳамроҳ истифода мешавад. Бар пояи ин гузориш, дар Афғонистон ҳамчунин захираи бузурги оҳан, мис ва тилло мавҷуд аст. Ба гуфтаи мутахассисон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин конҳо ба рушди босуръати иқтисодии Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Ҷопон аз сармоягузорони аслии Афғонистон маҳсуб мешавад. Моҳи ноябри соли гузашта Токио эълом дошт, ки тайи панҷ соли оянда 5 миллиард долларро дар ихтиёри ҳукумати Кобул мегузорад.
XS
SM
MD
LG