Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии Олмон, бегоҳи имрӯз, 18-уми июн, дар дуввумин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи D, дар варзишгоҳи «Нелсон Мендела Бей»-и шаҳри Порт-Элизабет аз дастаи мунтахаби Сербия бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Милан Йованович дар дақиқаи 39-уми бозӣ тӯби бо сар дар ҷаримагоҳ ба ӯ равонкардаи Жигичро ба тӯри дарвозаи тими Олмон зад. Воқеъан, пеш аз ин гол, дар дақиқаи 37-ум Мирослав Клозе, бозигари олмониҳо, барои корти дуввум аз бозӣ хориҷ шуд. Инчунин дар ҷараёни ин бозӣ панҷ бозигари Олмон ва чаҳор бозигари Сербия корти зард гирифтанд.

Подолски, бозигари Олмон, дар дақиқаи 61-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Стойкович, дарвозабони Сербия, тӯби аз пенолти задаи ӯро баргардонд.

Имрӯз, 18-уми июн, ду бозии дигар дар гурӯҳи С соати 19 бо вақти Душанбе миёни дастаҳои Словения - ИМА ва соати 23.30 миёни тимҳои Инглистон - Алҷазоир баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG