Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисоби нимаи аввали бозии Олмон - Сербия - 0:1


Тими миллии Олмон, бегоҳи имрӯз, 18-уми июн, дар дуввумин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи D, дар варзишгоҳи «Нелсон Мендела Бей»-и шаҳри Порт-Элизабет бо дастаи мунтахаби Сербия қувваозмоӣ дорад. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Сербия хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки пеш аз гол, дар дақиқаи 37-ум Мирослав Клозе, бозигари Олмон, ки ду корти зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Инчунин ду бозигари Олмон - Хедира ва Лам ва ду бозигари Сербия - Иванович ва Коларов аз ҷониби сардовар огоҳонида шуданд.

Милан Йованович дар дақиқаи 39-уми бозӣ тӯбро ба дарвозаи Олмон ворид кард.

Имрӯз, 18-уми июн, ду бозии дигар дар гурӯҳи С соати 19 бо вақти Душанбе миёни дастаҳои Словения - ИМА ва соати 23.30 миёни тимҳои Инглистон - Алҷазоир баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG