Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти заминсозии Суғд мегӯянд, беш аз 24 ҳектор замини корам дар ин минтақа аз ҷониби раисони хоҷагиҳо мавриди додуситади ғайриқонунӣ қарор гирифтааст.

Ҳоло ба сурати умум баҳси замину манзил дар додгоҳҳову додситониҳо ва ҳам дар идораҳои тақсими замини вилояти Суғд аз баҳсҳои аслӣ ба шумор меояд.

Дилмурод Баракабоев, муовини раиси кумитаи заминсозии Суғд, мегуяд, тақсими ғайриқонунии замин аз сӯи раисони хоҷагиҳо дар навоҳии дурдаст зиёд ба мушоҳида мерасад: «Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кумитаи заминсозии вилоят дар шаҳру ноҳияҳо қарорҳои раисони ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ва инчунин роҳбарони корхонаҳои кишоварзӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, 19 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, 86 қарори раисони ҷамоатҳо ва 4 қарори роҳбарони корхонаҳои кишоварзӣ барои бекор намудан пешниҳод карда шудааст».

Камбуди замин

Ин дар ҳолест, ки аксар сокинон навоҳии дурдасти Суғд аз шароити мушкили манзил ва тақсими нобаробари замин шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки барои соҳиб шудан ба як порча замин аз роҳи қонунӣ сангин аст ва аксаран онҳое соҳиби замин мешаванд, ки бо масъулин муносиботи хешутаборӣ доранд.

Фахриддин Ашуров, як сокини деҳаи Оҳучии ноҳияи Ғончӣ, гуфт, «раисони хоҷагӣ аз мансаб истифода бурда, ба пайвандону наздикони худ замин тақсим мекунанд. Нафароне ҳастанд, ки гектарҳо замин кишт мекунанд, аммо деҳқонон, ки 8-10 сотих замини аз давраҳои пеш гирифтаашонро кишт мекунанд».

Сокинони деҳаи Оҳучии ноҳияи Ғончӣ асосан ба картошкапарварӣ машғуланд, аммо бахши аъзами онҳо мегӯянд, барои гирифтани замин солҳост талош доранд. Бобо Кучиев, яке аз сокинони Оҳучӣ, мегӯяд, «се сол мешавад, ки барои гирифтани замин ба идораҳои дахлдор муроҷиат мекунам. Аз раиси хоҷагӣ сар карда то масъулини ноҳия ариза пешниҳод кардаам, аммо то ин замон ҳеҷ посухе ба муроҷиати худ нагирифтаем. То ҳол мо сарсонем».

Масъулин: Шикоятҳо асос надоранд

Аммо Нозим Носиров, раиси хоҷагии тухмипарварии Оҳучӣ, мегӯяд, ки ҳоло замин дар ихтиёри деҳқонон аст ва мардум аз рӯи имкониятҳои хеш метавонанд аз он истифода кунанд. Нозим Носиров иддаои мардумро дар мавриди тақсими нобаробари замин рад мекунад. Аммо ба ин суол, ки чаро мардум аз кори раиси хоҷагӣ норизоянд, вай аз посухи бештар дар ин бора худдорӣ кард ва танҳо гуфт, «ягон камбуди дар кори хоҷагидорӣ нест. Мардуми мо одат кардаанд, ки ба ҳангоми рӯй додани ягон проблема ҳалли онро ба сари роҳбарон бор мекунанд. Айби мо роҳбарон ин аст, ки мо мардумро ба ин чиз одат кунондаем».

Безаминӣ ва беобӣ

Сокинони деҳаи Оҳучӣ мегӯянд, ки камбуди замин ягона мушкили онҳо нест, балки таъмини киштзорҳо бо об аз мушкилоти дигар аст, ки то кунун ин корро масъулини хоҷагӣ ба иҷро нарасонидааст. Шорауф Мансуров, як сокини картошкапарвар аз деҳаи Охучӣ, мегӯяд, ки соли гузашта барои оббёрӣ кардани 42 ҳектор замини раиси хоҷагӣ аз ҳар сари аҳолӣ маблағ ҷамъ кардааст, аммо то ҳол киштзорҳои онҳо хушк мондаанд:

«Дар соли гузаштаи 2009 барои обёрӣ кардани 42 ҳектор замин кишти картошка раиси хоҷагӣ ба ҳар як сотихи он аз ҳар сари аҳолӣ 12 сомонӣ маблағ ҷамъ намуда буданд. Мутаассифона, то ҳоло бар асари беобӣ киштзорҳо хуш мондаанд».

Ба ин тартиб ба қавли аксари сокинони деҳоти дурдаст дар устони Суғд, тақсими беадолатонаи замин, ки ниҳоят ба баҳсҳои додгоҳӣ мепечанд, ҳатто дар фарҷом ҳукмҳо ва хулосаҳои додгоҳҳо наметавонад ба ин баҳсҳо хотима диҳад.

Баъзе, аз афроди норозӣ аз ҳукмҳои додгоҳҳо дар мариди замин мегӯянд, ки заминаи аслии бархестани баҳсҳо пеш аз ҳама камэътибории раисони хоҷагӣ ва масъулони ниҳодҳои ҳукуматҳои навоҳӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG