Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА: Футболбозони Кореяи Шимолӣ фирор накардаанд


ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол хабари ғайб задани чаҳор футболбоз аз Кореяи Шимолӣ дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Африқои ҷанубиро рад кард. Ин футболбозон рӯзи ҷумъа ба бозӣ бо дастаи Бразилия ҳозир нашуданд ва баъзе расонаҳо навиштаанд, ки онҳо фирор кардаанд. Масъулини ФИФА изҳор намуданд, ки нафаре аз футболбозони Кореяи шимолӣ ба онҳо муроҷиат накардааст. Хабари фирори футболбозонро сафорати Кореяи шимолӣ ҳам такзиб намуд.
Имрӯз дар чаҳорчӯби сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дастаҳои Словения ва ИМА, Англия ва Алҷазоир ва Олмону Сербия бо ҳам бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG