Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блейк хостори тафтиши мустақили ҳаводиси Ӯш гардид


Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии ИМА, ки имрӯз вориди Қирғизистон шудааст, хостори тафтиши байнулмилалии бенизомиҳо дар ҷануби кишвар гардид. Интизор меравад, ки ӯ дар ҷараёни сафараш ҳаҷми кумаки башарии барои даҳҳо ҳазор фирориёни ӯзбак заруриро мушаххас намояд.
Ба иттилоъи Кумитаи умури паноҳандагони СММ, дар ду тарафи марзи Қирғизистону Ӯзбакистон, тақрибан 400 ҳазор ӯзбакҳои бар асари задухӯрду нооромиҳо аз вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод фироркарда ҷамъ омадаанд.
Роза Отунбоева дар сӯҳбат бо нашрияи “Комерсант” чопи Маскав иқрор кард, ки теъдоди воқеъии кушташудагон дар ҷануби кишвар даҳ баробар бештар аст. Тибқи иттилоъи ахири расмӣ, бар асари бархӯрдҳои қавмӣ 192нафар ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи ҷумъа раҳбари муваққати Қирғизистон дар бемористонҳои шаҳри Ӯш бо вазъи сиҳати афроди бар асари нооромиҳо осебдида ошно шуд ва баъдан бо раҳбарони шаҳр мулоқот анҷом дод. Ба думболи ин, ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, “мо мехоҳем ҳатман умедвориҳое диҳем, ки ин шаҳрро дубора бунёд мекунем, мо ҳатман паноҳандагонро бармегардонем ва барои ин ҳама шароитҳоро муҳайё месозем. Ман фикр мекунам, ки ҳама олам ба мо кумак хоҳад кард, зеро мо иродаи нек дорем, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва дӯстии ду миллат зиндагӣ кунем”.
XS
SM
MD
LG