Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гутеррес: ироқиҳо ҳарчӣ бештар кишварро тарк мекунанд


Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон хабар дод, ки хушунат дар Ироқ теъдоди ҳарчӣ бештарро мардумро барои тарки кишвар маҷбур месозад. Ба иттилоъи Антонио Гутеррес, аз соли 2007 ба ин сӯ тақрибан 50 ҳазор нафар асосан ба ИМА кӯч бастанд. Тақрибан 2 миллион ироқиҳои беҷошуда дар Сурия, Урдун, Лубнон, Миср ва Туркия паноҳгоҳ пайдо кардаанд.
Изҳороти Антонио Гутеррес дар Сурия пахш шуд - ӯ дар арафаи рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон вориди ин кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG