Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости аҳзоби сиёсӣ аз Эмомалӣ Раҳмон


Раҳбарони намояндагиҳои панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар паёме унвонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бӯстонро “рахна ба сулҳу ваҳдати кишвар” арзёбӣ кардаанд. Дар муроҷиатномаи онҳо омадааст, ки роҳи пулакӣ метавонад суботи сиёсиву ҷамъияти дар Тоҷикистонро ба ҳам занад. Раҳбарони бахшҳои ҳизбҳои демократӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, сотсиал - демократӣ ва наҳзати исломӣ аз раисиҷумҳур ва раиси парлумон хоҳиш кардаанд, ки бар асари набудани роҳи алтернативӣ дар масири Душанбе-Бӯстон, пардохти ҳаққи роҳро манъ кунанд ва барқарорсозиву хизматрасонӣ дар ин роҳро аз ҳисоби андозҳои мардум ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG