Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев форуми байнумилалии иқтисодиро ифтитоҳ кард


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия форуми байнулмилалии иқтисодӣ шурӯъ шуд. Дар ифтитоҳи ин нишаст раисиюумҳури Русия Дмитрий Медведев суханронии кард. Маърӯзаи ӯ - “Иқтисоди ҷаҳонӣ. Мо тағйир хурдем” номгузорӣ шуда буд.
Дар чаҳорчӯби форуми байнулмилалии иқтисодӣ дидору гуфтугӯҳои Дмитрий Медведев бо сарони бархе кишварҳо ва раҳбарони ширкатҳои бузурги олам тарҳрезӣ шудааст. Дар арафаи ин нишаст намояндагони ИМА ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба зарурати беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Русия таъкид карданд.
XS
SM
MD
LG