Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахшҳои панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, зимни муроҷиатномае ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур гуфтаанд, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе - Бӯстонро, ба вазъи иҷимоӣ - иқтисодии ҷомеъа таъсири манфӣ мерасонад ва «ба сулҳу ваҳдат рахна мезанад».

Зери ин муроҷиатнома нома сарони панҷ ҳизб, ба шумули ҳизби демократӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, сотсиал - демократӣ ва наҳзати исломӣ имзо гузоштаанд.

Нусхаҳои он аз ҷониби намояндагони ҳизбҳо ба бархе аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар вилояти Суғд дастрас карданд.

Бахшҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар вилояти Суғд дар мавриди қабули чунин муроҷиати расмӣ ба раҳбарони давлати Тоҷикистон ва парлумони кишвар ахиран зимни як нишаст тасмим гирифта буданд.

Пулчинӣ дар роҳ қатъ шавад

Моҳинисо Ҳорисова, сарвари маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Хуҷанд, аз ташаббускорони нишасти сарони бахшҳои аҳзоби сиёсӣ дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, сарони бахшҳои суғдӣ дар муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ҷиҳати бекор кардани роҳи пулакӣ ба раҳбари давлати Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Намояндагон 6 пешниҳоди мушаххас кардаанд.

1) Дар ҳоли мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ пулакӣ эълон шудани роҳ манъ карда шавад.

2) Роҳҳои нақлиётӣ аз ҳисоби андози роҳ таъмиру тармим гардад.

3) Нуктаи Сарқонуни Тоҷикистон дар мавриди давлати иҷтимоӣ риоя карда шавад ва Маҷлиси намояндагон қонуни дар бораи роҳи пулакиро бекор кунад.

4) Пулакӣ шудани роҳи ягона нархи наворо баланд мебарад ва сатҳи зиндагии мардуми бе ин қашшоқро поинтар мебарад.

5) Пулакӣ гаштани роҳе, ки алтернатива надорад, фазори ороми ҷомеаро халалдор намуда, ба сулҳу ваҳдат рахна мезанад.

6) Сарфу харҷи маблағҳои андоз ва даромадҳои дигари буҷа шаффоф сурат гирифта, маълумоти дар ин бора бояд ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас бошад.

"Роҳи пулакӣ ба фоидаи Тоҷикистон аст"

Дар он нишаст раҳбари бахши ширкати Инновайтив Роуд Солушенз (АЙ РИ ЭС) дар вилояти Суғд, Мирзоалӣ Мансуров низ иштирок дошт ва пулакӣ шудани роҳро танҳо ба хотири аз харобӣ нигаҳ доштани роҳи бозсозишудаи Душанбе - Бӯстон арзёбӣ карда буд.

Ба ақидаи ӯ, дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон барои таъмиру тармим ва коршоям доштани роҳҳои нақлиётии кишвар маблағи кофӣ надорад, бо маблағи истифодакунандагони роҳ даст ёфтан ба ҳалли ин мушкил як роҳи санҷидашуда дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад.

Бар пояи маълумоти раҳбари бахши суғдии ширкати IRS, маблағҳое, ки ширкати мазкур дар роҳи Душанбе – Бӯстон 31 марти соли равон ба сӯ ҷамъ овардааст, барои хариди техникаи роҳсозӣ ва бунёди корхонаҳои раҳдорӣ, такмили механизми идораи роҳ масраф шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG