Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама вориди Ҷопон шуд


Раҳбари мазҳабии буддоиҳои Тибет Далай Лама имрӯз вориди Ҷопон шуд. Рӯзи шанбе нишасти хабарии ӯ тарҳрезӣ шудааст ва рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи шаҳри Нагано суханронӣ хоҳад кард. Қарор аст, ки Далай Лама дар бораи дини буддоӣ дар дигар шаҳрҳои Ҷопон ҳам маърӯза хонад.
Далай Лама, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, соли 1959 Чинро тарк кард ва дар Ҳиндустон дар ҳиҷрат ба сар мебарад.
Дар бораи музокироти эҳтимолии Далай Лама бо сиёсатмадорони ҷопонӣ иттилоъе дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG