Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: Шумори қурбониён даҳ маротиба бештар аст


Расонаҳо аз қавли Роза Отунбоева, президенти давраи гузори Қирғизистон навиштаанд, ки теъдоди қурбониёни низоъҳои ахири ҷануби ин кишвар даҳ маротиба бештар аз омори эълоншуа мебошад. Отунбоева имрӯз вориди Ӯш шуд ва қасд дорад аз марзи Қирғизистон ва Узбакистон низ дидан кунад.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон ба манзури ошноӣ ба вазъи барқарорсозии субот ва низом дар ҷануби кишвараш, субҳи имрӯз вориди шаҳри Ӯш шуд.

Роза Отунбоева тавассути чархболи низомӣ ва дар иҳотаи нерӯҳои амниятӣ вориди шаҳри Ӯш шуд. Аммо то фуруд омадан дар майдони марказии шаҳр, тавассути чархбол харобаҳои шаҳр ва атрофи онро мушоҳида намуд.

Хонум Отунбоева аз чанд бемористоне, ки маҷрӯҳони ҳаводиси ахир бсиарӣ ҳастанд дидан кард ва бо шоҳидони воқеъаҳо мулоқот ва фармондеҳони низомӣ мулоқот намуд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳукумат тамоми талоши худро барои дубора сохатни шаҳри Ӯш ва бозгардонидани паноҳандагон ба харҷ хоҳад дод. Отунбоева ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ин амр ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати ӯ пуштибонӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури давраи гузори Қирғизистон баъд аз мулоқот бо фаъолони шаҳр ва аёдати маҷрӯҳон дар бемористонҳо, қасд дорад, аз марзи Қирғизистон бо Узбакистон, маҳалли таҷаммӯъи паноҳандагон низ дидан кунад.

Roza Otunbaeva posjetila Osh,Kirgizstan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00


Бино ба хабарҳо, бо вуҷуди нисбатан фурӯкаш кардани хушунатҳо дар Ӯш ва Ҷалолобод ҳамчунон паноҳандагони зиёде дар марз бо Узбакистон ҷамъ омада ва хоҳони убури марз мебошанд. То ҳоли ҳозир ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ ҳудуди 100 ҳазор сокини умдатан узбактабори Қирғизистон дар қаламрави Узбакистон паноҳ ёфтаанд.

СММ мегӯяд, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 400 ҳазор сокини Қирғизистон дар ҳаводиси ахир дар ҷануби ин кишвар беҷо шудааст.

Ҳукумати муваққат иддаъо дорад, ки баъди ҳафт рӯзи сар задани низоъи хунини миёни сокинони қирғизу узбак вазъият дар Ош ва Ҷалолободро зери назорад гирифтааст.

Дар ҳаводиси ахири Қирғизистон бино ба омори расмӣ 191 нафар кушта ва ҳудуди 2000 нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Fövqəladə vəziyyət
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00
Линки мустақим


Бори дигар дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон


Алик Орозов, котиби Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки ӯ ва Байболов, муовини раиси Хадамоти амнияти миллӣ айбдоранд, ки ширкати чанд силоҳбадасти тоҷикро дар ҳаводиси Ӯш ва Ҷалолобод матраҳ кардаанд. Ӯ афзуд, дар ҳақиқат чанд тоҷики силоҳбадаст дастгир шудаанд, ки эҳтимол дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ширкати фаъолона доштанд.

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, ин изҳороти онҳо на алайҳи мардуми тоҷик, балки алайҳи онҳое нигаронида шудааст, ки ба ягон қавму миллат мансуб нестанд ва мардуми осударо ба қатл расондаанд.

Дабири Шӯрои амнияти қирғиз мегӯяд, дар ҳаводиси минтақаи ҷануб ва ин беназмиҳои фоҷиабор қирғизҳо, ӯзбекҳо ва тоҷиконе ширкат кардаанд, ки аз тарафи тарафдорони низоми Боқиев дар ивази миллионҳо доллар истихдом шудаанд.

Ба гуфтаи Алик Орозов дар ноҳияи Қадамҷо ва минтақаҳои дигари кишвараш ҳазорҳо тоҷик ба сар мебаранд. Ва бо истифода аз фурсат ба шаҳрвандони тоҷиктабори кишвараш муроҷиат карданист, ки аз изҳороти аъзои ҳукумати муваққат дар бораи ширкати тоҷиктаборон ибрози ташвиш кардаанд.

Ба гуфтаи Алик Орозов ин изҳороти ӯ ва дигар аъзои ҳукумати муваққат дар қиболи онҳое гуфта шудааст, ки тамриндида ҳастанд ва шуғли асосии онҳо қатлу куштори мардуми осуда мебошад.

СММ: "Дар Қирғизистон 400 ҳазор нафар беҷо шудааст"

Эъломи Рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон

Тақозои Кумитаи амнияти Тоҷикистон аз мақомоти Бишкек
XS
SM
MD
LG