Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ Аргентина бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби бузурги 4:1 ва Юнон бар Нигерия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд, вале Фаронса аз Мексика бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Бозии тимҳои Аргентина ва Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳи В бегоҳи 17-уми июн дар варзишгоҳи «Соккер Сити»-и шаҳри Йоханнесбург баргузор шуд.

Пак Чу Янг, бозигари Кореяи Ҷанубӣ, дар дақиқаи 17-уми бозӣ тӯби аз ҷарима задаи ҳамлагари Аргентина Мессиро ғайриинтизор ба дарвозаи дастааш ворид кард.

Баъди 16 дақиқа Игуаин, бозигари Аргентина, тӯби дуввумро аз ҷаримагоҳ ба дарвоза зада, ҳисобро тағйир дод. Вале Ли Чун Юнг, бозигари кореягиҳо, дар дақиқаи 45-ум аз хатои ҳимоятгар Демичелис истифода карда, тӯбро ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 76-ум, Месси чаҳор нафарро фиреб дода, тӯбро ба Агуэро ҳаво дод ва худ ба самти чап гузашта, боз тӯбро аз Агуэро қабул намуд ва зуд зарба зад. Тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд. Игауин тӯби бозгаштаро ба тӯри дарвоза зад.

Қаҳрамони ин бозӣ Игауин дар дақиқаи 80-ум тӯби ба ӯ партофтаи Агуэроро аз ҷаримагоҳ бо сараш вориди дарвоза кард. Ин аввалин хет-трик дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб тими миллии Аргентина таҳти раҳбарии Диего Марадона, ки яке аз муддаъиёни аслии унвони қаҳрамонист, рақибашро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод ва дар гурӯҳи худ бо 6 имтиёз пешсафи ягона шуд.

Дирӯз, 17-уми июн, дастаҳои дигари гурӯҳи В - Юнон ва Нигерия дар варзишгоҳи “Фри Стейт”-и шаҳри Блумфонтейн қувваозмоӣ карданд. Бозӣ бо ғалабаи юнониҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Уче, бозигари Нигерия, дар дақиқаи 16-ум бо зарбаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвоза намуда, ҳисобро кушод. Салпингидис, бозигари Юнон, дар диқиқаи 44-ум ҳисобро баробар кард. Ҳамдастааш Торосидис тӯби пас аз зарбаи Сиолис баргардондаи дарвозабони Нигерия Эниямаро дар дақиқаи 71-ум ба тӯри дарвоза зад ва ба дастаи Юнон пирӯзӣ овард.

Бозии даври дуввум дар гурӯҳи А миёни тимҳои Фаронса ва Мексика дар варзишгоҳи “Питер Мокаба”-и Полокване баргузор шуд. Дар ин дидор мексикоиҳо ба дарвозаи фаронсавиҳо ду голи беҷавоб заданд. Ҳарду голро Хавйер Эрнандес (дақиқаи 64-ум) ва Бланко (78-ум, пенолти) дар нимаи дуввуми бозӣ ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб дар ҳафт рӯзи мусобиқот дар 8 гурӯҳ 20 бозӣ баргузор шудааст:

Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0, ҶАҶ – Уругвай – 0:3, Фаронса – Мексика – 0:2.
Уругвай – 4 (2 бозӣ). Мексика – 4 (2). Фаронса – 1 (2).ҶАҶ – 1 имтиёз (2).

Гурӯҳи В
– Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0, Аргентина – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1, Юнон – Нигерия – 2:1.
Аргентина – 6 (2). Кореяи Ҷанубӣ - 3 (2). Юнон -3 (2). Нигерия – 0 (2).

Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1.
Словения – 3 (1). Инглистон – 1 (1). ИМА – 1 (1). Алҷазоир – 0 (1).

Гурӯҳи D
– Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 4:0.
Олмон – 3 (1). Гана – 3 (1). Сербия – 0 (1). Австралия – 0 (1).

Гурӯҳи Е – Ҳолланд – Дания – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0.
Ҳолланд – 3 (1). Ҷопон – 3 (1). Камерун – 0 (1). Дания – 0 (1).

Гурӯҳи F – Итолиё – Парагвай – 1:1, Зеландияи Нав – Словакия – 1:1.
Итолиё – 1 (1). Парагвай – 1(1). Зеландияи Нав – 1 (1). Словакия – 1 (1).

Гурӯҳи G - Кот – Д’ Ивуар – Португол – 0:0, Бразил – Кореяи Шимолӣ - 2:1.
Бразил – 3 (1). Кот – Д’ Ивуар – 1 (1). Португол – 1(1). Кореяи Шимолӣ - 0(1).

Гурӯҳи Н – Гондурас – Чили – 0:1, Испониё – Швейтсария – 0:1.
Чили – 3 (1). Швейтсария – 3 (1). Гондурас – 0 (1). Испониё – 0 (1).

Имрӯз, 18-уми июн, як бозӣ дар гурӯҳи D cоати 16.30 бо вақти Душанбе байни тимҳои Олмон - Сербия, ду бозии дигар дар гурӯҳи С соати 19 миёни дастаҳои Словения - ИМА ва соати 23.30 миёни тимҳои Инглистон - Алҷазоир баргузор мешаванд.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG