Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Роберт Блейк вориди Қирғизистон мешавад


Қарор аст имрӯз Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ вориди Қирғизистон шавад, то масъалаи кӯмакҳо ба даҳҳо ҳазор нафар ниёзмандонеро, ки дар натиҷаи нооромиҳо манозили худро тарк кардаанд, арзёбӣ кунад. Комиссари Олии СММ дар умури паноҳҷӯён мегӯяд, ҳудуди 400 000 нафар ӯзбактаборон дар ҳар ду ҷониби марзи миёни Қирғизистону Узбакистон ҷамъ омадаанд. Онҳо дар натиҷаи даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову ӯзбакҳо аз маҳали даргириҳо фирор кардаанд. Аз 10-ӯми июн ба ин сӯ дар ин даргириҳо 191 нафар кушта шудаанд. Кнут Воллебаек, комиссари Олии САҲА дар умури аққалиятҳои миллӣ гуфт, барои ҳимоят аз паноҳҷӯёне, ки дар ду тарафи марзи миёни Қирғизистону Узбакистон ҷамъ омадаанд, кӯмакҳои фаврии байналмиллалӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG