Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш 8 нишонзани дигар боздошт шудааст


Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, ки онҳо 8 нишонзани дигарро дар шаҳри Ӯш боздошт кардаанд. Тимур Шаршеналиев-сухангӯи дафтари раҳбарияти низомии шаҳри Ӯш ба радиои Озодӣ гуфт, ононе, ки боздошт шуданд, дар даст туфангҳои нишонзан доштаанд. Ҳоло онҳо бозпурсӣ мешаванд. Вай дар бораи боздоштшудагон тавзеҳоти дигар надод. Рӯзи сешанбе мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон изҳор доштанд, ки ин нишонзанҳоро Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда киро кардааст, то онҳо даргириҳои қавмии миёни узбакҳои маҳаллӣ ва қирғизҳоро таҳрик кунанд.
XS
SM
MD
LG