Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои ҳамоиши раҳбарои Аврпо дар Бруссел


Дирӯз раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамоиши худ дар Бруссел ба пешниҳодҳои мудирият дар мавриди муқаррароти шадидтари будҷа ва ҳамоҳангии наздиктари сиёсати иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд, то аз такрори бӯҳрони қарз дар қаламрави истифодаи ево пешгирӣ ба амал ояд. Онҳо тасмим гирифтанд, кишварҳое, ки ҳадафҳои будҷа ва қарзро иҷро намекунанд, бояд ба таҳримҳои шадидтар дучор шаванд. Дар ҳамоиши худ раҳбарон ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки фаъолияти бонкҳо бояд бештар шаффоф бошад, то онҳо дурустии фаъолиятҳои молии худро нишон диҳанд. Раҳбарон ҳамчунин таъкид карданд, ки пешнависи будҷаи ҳар кишвари узв бояд барои ошноӣ ба Коммиссияи Аврупо пешкаш шавад ва танҳо баъд аз он барои тасвиб ба порламонҳо фиристода мешавад. Дар ҳамоиш раҳбарон ҳамчунин гуфтанд, ки онҳо дар мулоқоти 26-27-ӯми июн дар Торонтои Канада амалиёти пардохти молиёт ё андозро ба 20 кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон ва кишварҳои дар ҳоли рушд низ пешниҳод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG