Пайвандҳои дастрасӣ

Қартаи низоъи қавмиро дар ҷануби Қирғизистон кӣ ба бозӣ даровард ва кадом нерӯст, ки мехоҳад дар оташи ин беназмиҳо даст гарм кунад ва аз ин обе, ки худ лойолуд кардааст, моҳӣ бигирад? Низоъи хунин байни қирғизҳову узбакҳо, ки дар Ӯш оғоз шуд ва ба Ҷалолобод ҳам кӯчид, кай фурӯкаш хоҳад кард?

Ин ва садҳо суоли дигарест, ки ошӯбҳои ахири Ӯшу Ҷалолобод дар зеҳнҳо халқ кардааст ва посух мехоҳад.

БАЪД АЗ 20 СОЛ


Низоъи ахир байни қирғизҳову узбакҳои сокини ҷануби Қирғизистон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз солгарди 20-уми даргириҳои шабеҳи Узгену Ӯш рух дод. Аммо Равшанбек Ғафуров, хабарнигори узбаки сокини Ӯш мегӯяд, низоъи феълӣ аз нигоҳи домана ва пайомадҳояш хеле бузургтар аз он рӯйдодҳои соли 1990 аст: “Миқёси ин низоъ хеле бузургтар аз соли 1990 аст. Чунин бераҳмиро касе то ҳол надида буд. Мардуми зиёде, ки пайвандони худро аз даст доданд, табиист ки сахт хашмгину озурдаанд. Бояд пеш аз ҳама ин мардумро ором кард. Ин фурсат мехоҳад. Вале сахт аст гуфтан, ки барои рафъи ин озурдагиҳо ва ҳалли ин низоъ чӣ қадар фурсат лозим аст.”

ТАКРОРИ СОЛИ 1992?

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик ва муовини сарвазири Тоҷикистон дар соли 1992 мегӯяд, рӯйдодҳои Ӯш хеле шабеҳи ҳаводиси 18 сол пеши Тоҷикистон аст, ки ҳукумати марказӣ натавонист пеши роҳи низоъи ибтидо начандон бузург дар водии Вахшро бигирад ва талотуми ҳодисот чунон шуд, ки кишварро барои 5 соли баъд ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ афканд: “Низоъе ки соли 1992 асосан дар вилояти вақти Қӯрғонтеппа сар зад, байни мардуми бумӣ ва муҳоҷирине буд, ки ҳанӯз дар солҳои 30 ва 40 ба водии Вахш кӯчонида шуданд. Ва аҳволи хубтари иқтисодии ин муҳоҷирин кинаву адоватеро дар байни мардуми бумии нисбатан камдасттари ин минтақа ба вуҷуд овард. Ҳарчанд ба он низоъ баъдан либоси мазҳабӣ ҳам пӯшониданд, вале дар асл байни муҳоҷирин ва аҳолии бумии водии Вахш буд. Дар ҷануби Қирғизистон ҳам айни ҳолатро мебинем. Узбакҳои сокини ин минтақа дар тиҷорат ва бозор пешдаст буданд, ки ин ҳамеша боиси озурдагии қирғизҳои фақиру камдаст мешуд.”

ОШӮБИ ӮШ ХУДҶӮШ НАБУД

Таҳлилгарон ва ҳамин тавр, мақомоти кунунии Қирғизистон ва ҳатто ниҳодҳои мӯътабари байналмилалие, чун Идораи ҳуқуқи башари СММ, бар ин боваранд, ки хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон худҷӯш набуд, балки амале барномарезишуда ва ҳамоҳангшуда буд. Мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон, ки 2 моҳ пеш дар натиҷаи эътирози мардум ва суқути давлати Қурмонбек Боқиев рӯи кор омад, ангушти иттиҳом алайҳи тарафдорони Боқиев баланд мекунанд ва мегӯянд, маҳз онҳоянд, ки оташи ин низоъи қавмиро дар ҷануби кишвар дар доданд, то бо роҳи ҷилва додани нотавонии ҳукумати ҷадид заминаро барои бозгашти ҳукумати худ ҳамвор кунанд.

Ҳарчанд Қурмонбек Боқиев, ки дар пайи суқути давлаташ дар Беларус паноҳ бурдааст, ин иттиҳомотро радд мекунад, вале Алмос Ҳотамбоев, муовини сарвазир дар ҳукумати муваққат гуфт, хушунатҳои ахирро маҳз хонаводаи Боқиев таъмини молӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд: “Рӯйдодҳои Ӯш чунон тарҳрезишуда буд ва чунон раҳбарӣ мешуд, ки мо бояд акнун мунтазири иғвоҳои наве дар вилояти Чу ва ҳам дар Бишкек бошем. Вале мо ба чунин таҳаввули вазъ омодагӣ мегирем.”

Аммо таҳлилгарон тавони хонаводаи Боқиев ва тарафдорони ӯ ба ташкили ошӯбҳоеро бо чунин вусъату домана ва он ҳам дар заминаи қавмӣ зери шубҳа мегузоранд. Онҳо мегӯянд, албатта, ин тоифа ҳам аз пайти пешомада барои гирифтани интиқом аз ҳукумати нав истифода бурд, вале Боқиев омили асосӣ нест, балкӣ танҳо як бахши бозии бузургест, ки дар заифтарин ҳалқаи занҷири водии Фарғона - Ӯшу Ҷалолобод ба чунин сурати вахим шурӯъ шудааст. Ин водӣ ба маҳзи омилҳое, чун фақри густарда, нуфузи аҳли мазҳабу фаъолияти гурӯҳҳои тундрав ва таҷзия шуданаш дар қаламрави 3 кишвар – Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон - ҳамеша як манбаъи аслии низоъҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ, ки метавонад суботи тамоми ин қаламравро ба ҳам занад, номбар мешуд.

ДАСТИ ХОРИҶӢ

Ба бовари коршиносони умур, дар фоҷиаи Ӯшу Ҷалолобод бояд пеш аз ҳама ба нақши нирӯи севвум ва умдатан аз хориҷ андешид ва рӯи кишварҳое ангушт бурд, ки дар чунин ранг гирифтани таҳаввулоти минтақа манфиатдоранд.

Интиқоди билофосила ва мукаррари ҳарду раҳбари аввали Русия аз амалкардҳои давлати суқуткардаи Боқиев дар авоили апрел ва истиқболи низ билофосилаи ҳарду аз ҳукумати нави муваққате, ки ҷойгузини давлати Боқиев шуд, мояи ҳадсу гумонҳое дар бораи дасти дароз ва ошкори дахолати Маскав дар рӯйдодҳои ду моҳи охири Қирғизистон – сар карда аз барканории Боқиев ва рафта то ошӯбҳои қавмӣ дар ҷануб – шудааст.

Ва дархости давлати Роза Отунбоева ҷиҳати кӯмаки низомӣ барои хунсо кардани ошӯбҳо дар Ӯшу Ҷалолободро радд кардани Маскав низ ҳамчун пайтҷӯие дигар аз ҷониби Русия, ки паҳнои шӯравии собиқро “доираи нуфузи суннатӣ”-и худ мешиносад, арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, баъид аст ки Маскав чунин баҳонаи муносиб барои вуруди нирӯ ва тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказиро аз даст диҳад.

Таҳлилгари рус Фёдор Лукянов мегӯяд, Русия оқибат вориди саҳна хоҳад шуд: “Фикр мекунам, Русия дар ниҳоят ба сурате дахолат хоҳад кард. Аммо феълан ин паҳлӯи масъаларо меомӯзанд, ки мабодо Русия дар байни ҷанги нафақат шаҳрвандӣ, балки дар миёни ҷанги байни давлатҳо бимонад. Тасаввур кунед, ки нирӯҳои Русия ба онҷо бидуни тавофуқ бо Узбакистон эъзом шаванд ва дар байн дар вазъияте қарор бигиранд, ки аз як сӯ узбакҳо ва аз сӯи дигар қирғизҳо тир мекушоянд.”

ЯКДАСТАГИИ МАСКАВУ ТОШКАНД

Иршод Сулаймонӣ, сардабири ҳафтавори мустақили “Миллат”, чопи Душанбе, ошӯбҳои Ӯшро амали тарҳрезишудаи кишварҳои манфиатдори хориҷӣ ба манзури таъмини идомаи қудрат ва нуфузи худ дар ин минтақа медонад ва мегӯяд, чун дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992, феълан дар Қирғизистон низ манфиатҳои Маскаву Тошканд ба ҳам омадаанд.

Оқои Сулаймонӣ мегӯяд: “Дар ин авохир Маскав ва Тошканд дар тасмимгириҳои Осиёи Марказӣ аксаран аз мавқеъи якдигар ҳимоят мекунанд ва барои пурратар ва комил шудани мавқеъи якдигар сухан мегӯянд, ки як намунааш бархӯрд ба тарҳҳои обу энержии Осиёи Марказист. Ҳаводиси ахир ҳам то андозае якҷошавии Маскаву Тошканд аст, ки фикр намекунам, ки пайомадҳояш барои кишварҳои дигари минтақа ҷанбаҳои мусбат дошта бошад. Русия аз замоне, ки Осиёи Миёнаро ғасб кард, ва ҳам дар даврони марзбандии ҳукумати Ленин Узбакистонро чунон сохт, ки ба сифати як пулти идоракунандаи Осиёи Марказӣ бошад.”

ОМИЛИ УЗБАКӢ

Иршод Сулаймонӣ аз собиқаи истифодаи Тошканд аз омили генерал Абдулрашид Дӯстум дар Афғонистон ва омилҳои узбакие, чун Маҳмуд Худойбердиев ё Абдуҷалил Ҳомидов дар рӯйдодҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон ёд оварда ва бо ишора ба “чандин Ӯш”-е ки дар дохили худи Узбакистон ҳаст, мегӯяд, ин кишвар акнун худро кӯтоҳбинона даргири ҳаводисе кардааст, ки дар ниҳоят метавонад худашро тӯъмаи чунин низоъҳо кунад.

Равшанбек Ғафуров мегӯяд, инки бештари қурбониён узбакҳои сокини Ӯшу Ҷалолобод буданд, албатта, ба торҳои асаби Тошканд нохун задаву ин қазияро як масъалаи нангу номус барои Узбакистон ҷилва медиҳад.

Вале ӯ мӯътақид аст, ки Узбакистон набояд ба эҳсосот зиёд дода шуда, худро ба таври фаъол ва бепарда дахили таҳаввулоти Қирғизистон кунад.

Оқои Ғафуров мегӯяд: “Ҳама мегӯянд, бояд нирӯ ворид кард ва Узбакистон низ нирӯҳои ҳомиии сулҳашро ба инҷо бифиристад. Вуруди нирӯҳои Узбакистон ба қаламрави Қирғизистон ягон оқибати хуб надорад. Нирӯҳои манфиатҷӯ айни ошӯбҳоро метавонанд дар манотиқи узбакнишини чӣ Қазоқистон, чӣ Туркманистон ва чӣ Тоҷикистон доман зананд. Пас Тошканд бояд чӣ кунад? Ба ҳамаи ин кишварҳо нирӯ ворид кунад? Ин метавонад тамоми Осиёи Марказиро битарконад. Ба ҷанг кашидани Узбакистон минтақаро метарконад ва шояд ҳадаф низ ҳамин бошад.”

ҲАДАФИ НИҲОӢ - ХУДИ УЗБАКИСТОН?

Оқои Ғафуров мӯътақид аст, ки ҳадафи баландмуддат аз дар додани оташи низоъ дар Осиёи Марказӣ маҳз Узбакистон аст, ки дар дохили худ чандин Ӯши дар ҳоли наздик ба даргирифтан дорад. Ӯ мегӯяд, ошӯбҳо дар Ӯшу Ҷалолобод ҳамагӣ дебочаи ин бозии хатарнок буд. Таҳлилгари тоҷик Давлати Усмон низ ҳадафи ниҳоии ин бозӣ будани Узбакистонро сарфи назар намекунад:.

Ӯ мегӯяд: “Ин фарзия шояд ҳақиқат дошта бошад. Чунки Узбакистон як замон аз Русия хеле дурӣ ҷуст ва сиёсати зидди Русияашро дар Осиёи Марказӣ хеле фаъол карда буд. Дар натиҷаи мушкилоте ки дар воқеаҳои Андиҷон рух дод, аз Ғарб қаҳр кард ва дубора маҷбур шуд, ки ба домани Русия биравад ва бо каме оромтар шудани вазъият дубора шурӯъ кард ба бозӣ кардан байни Ғарбу Русия. Фикр мекунам, эътирозе ки соли гузашта Узбакистон алайҳи таъсиси як подгони низомии Русия дар вилояти Бодканди Қирғизистон кард, албатта, ин ҳам як чунин ҳадсу гумонҳоро эҷод мекунад, ки шояд Русия дар ин бозӣ бештар фаъол бошад.”

АКНУН НАВБАТИ КИСТ?

Талотуми ахири ҳодисот дар Қирғизистон ин суолро ҳам пеш оварда, ки оё акнун навбати кист ва Тоҷикистон бо он танишҳое, ки дар равобиташ бо Маскав, ва ихтилофоти оштинопазире, ки бо Тошканд дорад, то куҷо аз печидан ба айни низоъ эмин аст? Давлати Усмон мӯътақид аст, ки вазъи Тоҷикистон аз Қирғизистони ҳамҷавор фарқ мекунад ва хотироти талхи солҳои ҷанги шаҳрвандиаш ҳам аз ёдҳо нарафтааст, ки бишавад бо чунин осонӣ ва зудӣ вазъи Тоҷикистонро ҳам ба гунаи Қирғизистон ба ҳам зананд.

Аммо Иршод Сулаймонӣ аз чунин талошҳои дар гузашта анҷомшуда ба хотири ба мурооти манофеъи Тошканд ё Маскав бештар моил кардани раҳбарони Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ба устони Суғд ва рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ёдоварӣ кард ва гуфт: “Ҳамин гуна анвоъи муташшаниҷ сохтани авзоъи Тоҷикистон дар гузашта буд. Ва эҳтимоли ба Тоҷикистон кӯчонидани низоъҳои қавмӣ ва ҳодисаҳои назири Қирғизистонро намешавад, ки аз мадди назар дур кард. Русия мехоҳад, ки ҳукумати феълии Тоҷикистонро ба мурооти манфиатҳои худаш моил кунад ва дар ҳоли даст надодани ин ҳадаф, мехоҳад як ҳукумати дигареро дар ин қаламрав ҷойгузин кунад, ки ба пиёда шудани ҳадафҳои геостратегии Маскав дар амри даст ёфтан ба захираҳои табииву дигар сарватҳои кишвар розӣ бошад.”

БОЗӢ ИДОМА ДОРАД


Ба бовари аҳли назар, Маскав, ки тавони рақобати рӯбарӯ ва ошкор бо бозигарони дигар дар саҳнаи Осиёи Марказиро бо истифода аз аҳромҳои осоиштае, чун сармоягузорӣ, надорад, умед ба аҳроми низомӣ бастааст, ки аз оташи низоъ дар ин минтақа барои худ василаи дигари тақвияти нуфуз дуруст кунад.

Бо ин ҳол, қартаи ҷанг дар ҷануби Қирғизистон ҳанӯз дар бозист ва маълум нест, ки оқибати ин бозии хатарнок ба куҷо хоҳад кашид ва кай фурӯкаш хоҳад кард?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG