Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порлумони Тоҷикистон Қонун дар бораи паркҳои технологиро қабул кард, ки яке аз ҳадафҳои аслии он монеъ шудан ба вуруди фанновариҳои қадима ба кишвар будааст.

Муаллифонаш мегӯянд, солҳои ахир ба Тоҷикистон аз хориҷ фанновариҳои зиёди истифодашуда ва ақибмондаеро ворид кардаанд, ки ба дард намехӯранд.

Қонун дар бораи парки технологӣ, истифодаи дастовардҳои илмии донишмандони тоҷик дар истеҳсолотро низ пешбинӣ мекунад.

Дар сӯҳбат бо Шодӣ Шабдолов вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон нахуст дар мавриди аҳамияти ин қонун барои рушди иқтисоди Тоҷикистон пурсидам.

XS
SM
MD
LG