Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷиди Номҷӯ. вазири нерӯи Эрон гуфтааст, ки кишвараш дар чаҳорчӯби созишномаи сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон, ки қарор аст дар ояндаи наздик имзо шавад, об ворид хоҳад кард. Таҳлилгарон ба решаёбии наздикшавии бо шитоби ду кишвар пардохтаанд.

Се ҳафта қабл миёни Тоҷикистон ва Эрон як санади ҳамкорӣ дар заминаи сохтмони роҳи оҳан аз тариқи қаламрави Афғонистон ба имзо расида буд. Эрон аз нахустин кишварҳои минтақа аст, ки расман ба амалкарди Узбакистон дар ҷиҳати боздошти вагонҳои Тоҷикистон вокуниш нишон дод ва Тошкандро ҳушдор дод, ки дар сурати раҳо накардани вагонҳои Тоҷикистон, вуруди қаторҳои Узбакистон ба Эронро мутаваққиф хоҳад кард.

Оби Тоҷикистон чӣ гуна ба Эрон мерасад?



Масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон ва Эрон замони дақиқи ба имзо расидани санади ҳамкорӣ дар масъалаи содироти оби Тоҷикистон ба Эронро эълом накардаанд. Аз сӯи дигар, ҳачми обе, ки Эрон мехоҳад бихарад, мушаххас нашудааст, вале Маҷид Номҷӯ, вазири нерӯи Эрон гуфтааст, ки ин об барои истифода дар истгоҳҳои барқӣ ба кор гирифта хоҳад шуд.

Масъулони эронӣ дар мавриди василаи интиқоли захоири оби Тоҷикистон ба Эрон изҳори назаре накардаанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки қарор аст, ин санади ҳамкориро Эрону Тоҷикистон бо Афғонистон ба имзо бирасонанд, пас маълум мешавад, ки оби Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Эрон интиқол дода хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки охири моҳи гузашта дар Душанбе миёни вазирони хориҷии Тоҷикистон ва Эрон як ёддошти тафоҳум дар заминаи иҷрои тарҳи роҳи оҳани ду кишвар аз тариқи Афғонистон ба имзо расид.

Ҳамакнун қарор аст, Эрон барои тарҳрезии барномаи фаннӣ ва иқтисодии ин роҳи оҳан маблағи 1 миллион доллар ихтисос бидиҳад.

Чаро Эрон дар масъалаи вагонҳо дар пушти Тоҷикистон қарор гирифт?

Ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, танҳо раисҷумҳури як кишвари хориҷӣ дар конфаронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе ва ахиран ҳушдори Теҳрон ба Узбакистон дар заминаи раҳоии вагонҳои Тоҷикистон, далели пуштибонии қавии Эрон аз Тоҷикистон аст. Коре, ки ҳатто Русия, ки Тоҷикистон дар муддати 20 соли ахир ҳамвора аз он ба унвони шарики стратегӣ ном бурдааст, анҷом надод.

Мирзо Шакурзода, муҳақиқи масоили Эрон чунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва нияти Теҳрон ба Тоҷикистонро аз об хурдани решаҳои таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар медонад ва мегӯяд: «Мо тоҷикҳо як мақол дорем, аввал бародариятро исбот бикун, бад ҳаққи мерос биталаб. Хуб бародари мову ирониҳо ва афғонҳо кайҳо исбот шудааст. Дар ҳамин лаҳза, ки бародар ва дӯст дар паҳлӯи мо набошад, пас кай чунин хоҳад шуд. Агар Русия, Амрико ва дигар кишварҳо ҳам, ки ба мо дасти кӯмаку ҳамкорӣ дароз накунанд, Эрон бояд дар қадами аввал дар канори мо бошад. Аққаллан ба хотири ҳамзаобонӣ ва ҳамдилии 4- 5 ҳазорсолаи таърихи муштаракамон».

Ниёз Мирзоев, устоди муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бар ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Эрон ахиран таҳти таҳримҳо ва инзивои шадид қарор гирифтааст, дар чӯстӯҷӯи роҳҳои раҳоӣ аз ин бунбаст ва дарёфти шарикон дар минтақа ва он ҳам тавассути пуштибонии Тоҷикистон аст.

Ӯ мегӯяд: «Тоҷикистон, ки узви СҲШ ва узви ИДМ ва дигар созмонҳои минтқавӣ аст ва мавқеи устувор ҳам дорад, албатта метавонад ба Эрон, то андозае дар ҷиҳати паст кардани шиддати вазъияти ба вуҷудомада дар барномаи ҳастаиаш мусоидат кунад».

Таҳлилҳои соҳибназарон ҳокист, ки фишорҳо болои Тоҷикистон тавассути Узбакистон ва Русия зиёд аст ва нооромиҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон низ метавонад ба ин фишорҳо биафзояд.

Нигаронӣ аз амнияти қавмӣ

Ба бовари Саймиддин Дӯстов, раиси созмони “ИНДЕМ” нигаронии Эрон аз хатарҳои ҷиддӣ барои ин кишвар ва Тоҷикистон дар минтақа аст, ки ин ду кишварро барои тақвияти ҳар чи бештари равобиту ҳамкориҳо таҳрик кардааст.

Ӯ мегӯяд: “Солҳост, ки аз сухан аз итиҳоди низомӣ бо Эрон меравад, чун амнияти қавмии тоҷикон дар ин минтақа таъмин нест. Ва хатароте аст, ки Тоҷикистон ба иттифоқчие мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ниёз дорад ва албатта, чунин рафтуомадҳо зиёд мешаванд. Имкон дорад, Тоҷикистон аз нигоҳи амнияти қавмӣ дар Осиёи Марказӣ миёни халқҳои турк, бо назардошти манфиатҳои абарқудратҳо, Русия, Амркио ва Чин гирифтори бозиҳои сиёсӣ, бо мақсадҳои сиёҳи ин ё он тараф гардад. Аз ин рӯ, дар ин самт кӯшиш мекунад, ки дар сурати ҳамлаҳои низомӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ, иттифоқчии эътимодбахши худро дошта бошад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шарикони боэътитмодтарини Тоҷикистон ҳаст ва хоҳад буд”.

Дар ин сурат наздикии Эрон бо Тоҷикистонро метавон, аз як сӯ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна фишорҳо талаққӣ кард.

«Эрони Бузург»

Аммо худи мақомоти давлати Эрон ба таври ошкор ин амрро тарроҳии «Эрони Бузург» медонанд.

Муҳандис Машоӣ, собиқ муовини раиси ҷумҳур ва ҳамакнун раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон зимни сафари ахири Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: «Раисиҷумҳури як кишваре омода аст ба ин ҷаласа ва ҳар раиси ҷумҳури кишвари дигаре ҳам метвонад биояд ва чунин ҷаласоте созмон бидиҳем. Аммо омадани Аҳмадинажод аз онҳо фарқ мекунад. Инҷо моҷаро фарқ мекунад. Чун Аҳмадинажод фақат раиси ҷумҳури ба ном Эрон нест. Аҳмадинажод, имрӯз намоди як фаҳме, як дарке, як ҳӯшёрии таърихӣ дар замони худ аст. Дорад марзҳои Эрони бузургро тарроҳӣ мекунад. Эрони бузург. Баргашт намедиҳам Шуморо ба замоне, ки 42 кишвар дар имперотурии Эрон буд. Мо фаротар аз ин мегӯем. Мо мегӯем фарҳанги мо - фарҳанги порсӣ марз намешиносад».

Аммо бар хилофи мақомоти Эрон, масъулони давлатии Тоҷикистон боре ҳам ба ин нукта ишора накардаанд ва моҳи гузашта замоне, ки Эрон равуои байниҳамдигарии бидуни раводиди шаҳрвандони ду кишварро матраҳ намуд, Тоҷикистон онро напазируфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG