Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 11 ҷавони рус бо иттиҳоми куштор


Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, мақомоти интизомӣ 11 ҷавонро бо иттиҳоми қатли миллатҳои ғайрирус ва ҷиноёти сангин дар заминаи бегонаситезӣ боздошт кардаанд. Владимир Маркин, сухангӯи Додситонии кулли Русия гуфтааст, ки ин ҷавонон аз 17 то 23 сол доранд ва ба 10 қатл ва чанд сӯиқасд муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи муфаттишон, бисёре аз қурбониён шаҳрвандони хориҷӣ, ғайриславян ва афроди бехона будаанд.
XS
SM
MD
LG