Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Аргентина бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:1


Тими миллии Аргентина, бегоҳи имрӯз, 17-уми июн, дар дуввумин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи В, дар варзишгоҳи «Соккер Сити»-и шаҳри Йоханнесбург бар дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби бузурги 4:1 пирӯз шуд.

Дар дақиқаи 17-уми бозӣ Пак Чу Янг, бозигари Кореяи Ҷанубӣ, тӯби аз ҷарима задаи ҳамлагари Аргентина Мессиро ғайриинтизор ба дарвозааш ворид кард.

Баъди 16 дақиқа Игуаин, бозигари Аргентина, тӯби дуввумро аз ҷаримагоҳ ба дарвоза зада, ҳисобро тағйир дод. Вале Ли Чун Юнг, бозигари кореягиҳо, дар дақиқаи 45-ум аз хатои ҳимоятгар Демичелис истифода карда, тӯбро ба ҳадаф расонд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Аргентина, шогирдони Диего Марадона, хотима ёфт.

Дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 76-ум, Месси чаҳор нафарро фиреб дода, тӯбро ба Агуэро ҳаво дод ва худ ба самти чап гузашта, боз тӯбро аз Агуэро қабул намуд ва зуд зарба зад. Тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд. Игауин тӯби бозгаштаро ба тӯри дарвоза зад.

Қаҳрамони ин бозӣ Игауин дар дақиқаи 80-ум тӯби ба ӯ партофтаи Агуэроро аз ҷаримагоҳ бо сараш вориди дарвоза кард. Ин аввалин хет-трик дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб тими Аргентина, ки яке аз муддаъиёни аслии унвони қаҳрамонист, рақибашро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод ва дар гурӯҳи худ бо 6 имтиёз пешсафи ягона шуд.

Имрӯз, соати 19 бо вақти Душанбе дастаҳои дигари гурӯҳи В -Юнон ва Нигерия қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Инчунин имшаб бозии даври дуввум дар гурӯҳи А соати 23.30 бо вақти Душанбе миёни тимҳои Фаронса ва Мексика шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG