Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримоти изофии Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти имрӯзи худ дар шаҳри Брююсел барои эъмоли таҳримоти иловагӣ алайҳи Эрон мувофиқат карданд. Ин таҳримҳо фаротар аз таҳримотест, ки қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар назар гирифтааст. Таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ дар арсаи нафту гази Эронро мамнӯъ ва ҳамкорӣ бо Эрон дар арсаи низомӣ бонкӣ ва нақлиётро маҳдуд мекардааст. Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, аз ин роҳ Эронро ба музокирот бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомиаш баргардонанд. Онҳо бим доранд, ки Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад. Амрико низ бар изофаи таҳримоти Созмони Милал алайҳи Эрон таҳрим эъмол кард.
XS
SM
MD
LG