Пайвандҳои дастрасӣ

Баста шудани ширкати “ Zeromax”, ки бахшҳои гуногуни иқтисоди Ӯзбакистонро таҳти назорат дошт ва яке аз манбаъҳои аслии вуруди сармояи хориҷӣ барои кишвар маҳсуб мешуд, аз сӯи коршиносон чун бозии мармузу печида арзёбӣ мешавад.

Нахуст коршиносон ба суоле посух меҷӯянд, ки қатъи фаъолияти “Zeromax” ба манфиати кист? Чаро ҳукумат ширкатеро баст, ки бо духтари раисиҷумҳур Гулнора Каримова пайванд дошт?

Мирзиёев вориси ояндаи Каримов?

Артем Улунян, сиёсатшинос аз Пажуҳишгоҳи таърихи умумии Фарҳангистони улуми Русия мегӯяд, ки дар Ӯзбакистон бастани ширкате чун “ Zeromax” бидуни тасмими раҳбарони воломақоми сиёсӣ ғайримумкин аст. Ислом Каримов беш аз 20 сол боз раҳбарии ин кишвари Осиёи Марказиро бар дӯш дорад ва ҳама тасмимҳои ҷиддӣ аз сӯи ӯ гирифта мешаванд. Ва нуктаи ҷолиб он аст, ки, ба гуфтаи коршиносон, Гулнора Каримова бо “Zeromax” пайванди зич дорад, ҳарчанд ӯ ин робитаашро боре ҳам дар маҳзари ом иқрор накардааст.
Пас, ҳукумати Ӯзбакистон бо ризояти раисиҷумҳур ширкатеро бастааст, ки тақрибан моли духтари Ислом Каримов аст ва 570 миллион доллар арзиш дорад? Бархе аз коршиносон мегӯянд, Ислом Каримов “Zeromax ”-ро шояд зери фишори ҳампаймонҳои бонуфузаш бастааст, ки аз афзоиши сармояи Гулнора Каримова ва сару садоҳо дар мавриди эҳтимоли дар курсии раисиҷумҳур нишастани ӯ хело ҳам нороҳатанд. Дар ин сурат, ҳадс мезананд коршиносон, ин баёнгари муборизаи шадид дар долонҳои ҳукумати Ӯзбакистон ва розӣ шудани Каримов барои баргузидани сарвазир Шавкат Мирзиёев ба ҳайси ворисаш дар мақоми олии Ӯзбакистон аст.

Тарки “Zeromax” ба хотири курсии президентӣ?

Ва аммо гурӯҳи дигари коршиносон ба ин назаранд, ки Ислом Каримов бо бастани ширкати “Zeromax” роҳи духтараш сӯи курсии раисиҷумҳуриро ҳамвор месозад. Ширкати “ Zeromax” ҳамагӣ чанд моҳ баъд он баста шуд, ки Ислом Каримов дар маросими дигарбора дар курсиии раёсатҷумҳурӣ нишастанаш аз бех баркандани фасод дар Ӯзбакистон ва дар кишвар боқӣ намондани ному нишони олигархҳоро - чун масоили меҳварии ҳукуматаш арзёбӣ карда буд.

Коршиносон мегӯянд, аҷаб нест, ки раисиҷумҳур бо “Zeromax ” пайванд доштани хонаводааш ва, ба вижа, Гулнораро барои нуфузи духтараш ҳамчун сарвари ояндаи кишвар харобиовар мехонад.

Даниэл Киммиҷ, коршиноси мустақили муқими Вошингтон, иқрор мекунад, ки Тошканд дар мавриди боло бурдани нақшу нуфузи Гулнора аз чораву талошҳое кор мегирад. Ва аммо меафзояд ӯ, дар бораи он ки инҳо чӣ гуна чораву талошҳоянд, чизе гуфтан душвор аст.
Ширкати “Zeromax” соли 2001 аз сӯи тоҷирони Швейсария сабти ном шуд ва дар як муддати кӯтоҳ аксари ширкатҳои бузурги калидӣ ва бахши иқтисоди Ӯзбакистонро таҳти назорат қарор дод. Бо гузашти айём боло рафтани нуфузу қудрати “ Zeromax” сафи душманони Гулнора Каримоваро, аз як сӯ, аз ҳисоби тоҷирони маҳаллии аз фойидаи тиҷорат маҳрумгашта ва аз сӯи дигар, аз ҳисоби элитаи сиёсии аз сару садоҳо дар бораи эҳтимоли дар садри кишвар нишастани духтари президент норозӣ, афзоиш дод.

Ислом Каримов аз сарнавишти хонаводааш нигарон аст?

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки Ислом Каримов мехоҳад, ки баъди тарки саҳнаи сиёсӣ, хонаводааш кафолати дахлнопазирӣ ва таъмини комили амниятро дошта бошад. Бархе Каримовро бо Борис Елтсин қиёс мекунанд, ки фақат баъд аз дарёфти ҳамин гуна кафолатҳо Владимир Путинро ҷойгузини худ эълон карда буд.

Даниэл Киммиҷ мегӯяд: “Ин комилан имконпазир аст, вале ин як ҳадсзанист ва ягон далели ҷиддии инро гуфтан мавҷуд нест. Ва комилан мумкин аст, ки он чӣ мо мебинем, шояд на тағйири нақши Гулнора Каримова ба ҳайси вориси эҳтимолии падараш, балки ҳамчун нигаҳбони манфиатҳои хонавода ва шояд нигаҳбони манфиатҳо берун аз Ӯзбакистон бошад”.

Эрик Макглинчӣ, коршиноси равобити байнулмилалӣ дар донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон, мегӯяд, ки дар вазъи феълии сиёсиву фарҳангӣ ва динии Ӯзбакистон чун вориси мақоми президентӣ тавассур кардани Гулнора Каримова хело душвор аст. Ӯ ҳамчунин ҳадсзаниҳоро дар он бора, ки Ислом Каримов духтарашро барои раҳбарии ояндаи кишвар омода мекунад, зери суол мебарад.

Ӯ мегӯяд: “Агар шумо ба мақомҳои ишғолкардаи Гулнора бингаред, мебинед, ки миёни онҳо ягон мақоми муносиб барои омодагӣ ба раёсати Узбакистон нест. Таври маъмул, одамон дар хориҷа барои он мақоми дипломатӣ мегиранд, ки раисиҷумҳур мехоҳад онҳо дар хориҷи кишвар бошанд. Тавре мо дидем, Роҳат Алиев барои он ба Аврупо фиристода шуд, ки Назарбоев намехост аз ин баъд Роҳат дар гирду атрофаш бошад”.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба суоле низ посух меҷӯянд, ки тақсими сармояи ширкати “Zeromax” чӣ гуна сурат хоҳад гирифт?

Сармояи “Zeromax” насиби кӣ хоҳад шуд”


Эрик Макглинчӣ, мегӯяд, ки ҳадди аққал як бахши ин сармоя ҳатман ба хазинаи хонаводаи раисиҷумҳур ворид хоҳад шуд. Як бахши бузурги ин сармоя, ба гуфтаи коршинос, ба буҷаи ҳукумат интиқол меёбад ва Ислом Каримов шояд ин маблағро барои нигаҳ доштани қудрат, яъне барои маҳбасҳову таҳкими нерӯи артиш сарф кунад.
XS
SM
MD
LG