Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нисфи зиёди аҳолӣ шаҳри Ӯшро тарк кардаанд


Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз миёни 250 ҳазор сокини Ӯши Қирғизистон 60 дар сади онҳо ин шаҳрро тарк кардаанд. Талай Зокиров, муовини раиси вилояти Ӯш, гуфт, аксарияти сокинон ба рустоҳои атроф гурехтаанд, ки ин тақсими кӯмакҳои хайрия ба онҳоро мушкил кардааст. Бар асари муноқишаи қавмӣ, ҳазорон ӯзбактаборони Ӯшу Ҷалолобод ба Ӯзбакистон фирор кардаанд ва бисёре дигаре дар марзи ин кишвар мӯҳтоҷи сарпаноҳу маводи ғизоӣ будаанд. Ҳазорон қирғизи дигар дар рустоҳои атрофи ду шаҳр паноҳ бурдаанд. Бино ба иттилоъи расмӣ, бар асари низоъи қавмӣ, ки ҳафт рӯзи пеш сар зад, тақрибан 190 нафар ҳалок ва бештар аз 2000 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG