Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши сарони Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ шуд


Сарони Иттиҳодияи Аврупо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз такрори сарнавишти Юнон бо дигар кишварҳои узв, дар шаҳри Брюссел меъёрҳои сахтгиронаи молиро баррасӣ доранд. Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо имрӯз гуфт, ҳадафи онҳо эҳёи эътимод ба бозорҳои молист: "Ҳадафи мо эҳёи эътимоди масрафкунанда ва сармоягузорон аст. Мо ба ин чиз танҳо дар сурате ноил мешавем, ки тамоми ҳукуматҳо ҷиддияти худ барои ба низом даровардани хароҷоти давлатиро нишон бидиҳанд ва тақвияти буҷа ва ислоҳоти сохториро суръат бубахшанд." Ҳамоиши якрӯзаи сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар замоне сурат мегирад, ки бими он меравад, Испониё панҷумин иқтисоди бузурги иттиҳодия, барои рафъи мушкилоти молиаш ба зудӣ мӯҳтоҷи кӯмаки хориҷӣ хоҳад шуд. Аммо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ҳеҷ барномаи наҷоти молии Испониёро надоранд. Ҳамчунин қарор аст, дар ҳамоиши сарони Иттиҳодияи Аврупо, таҳримоти нав алайҳи Эрон барои барномаҳои атомиаш эъмол шавад.
XS
SM
MD
LG