Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши босуръати сирояти полиомелит дар Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон аз 240 мавориди таъйидшудаи бемории фалаҷи атфол дар кишвар гузориш додаанд. Айни замон ба иттилоъи Гурӯҳи арзёбии фаврӣ ва ҳамонҳангсоз дар Тоҷикистон, мавориди гирифторӣ ба беморӣ ва бистарӣ шудани афрод бо нишонаҳои фалаҷ башиддат коҳиш ёфтааст. Аз замони авҷ гирифтани беморӣ дар Тоҷикистон дар моҳи гузашта, гирифторӣ ба фалаҷи атфол дар кишвар 85 дар сад коҳиш ёфтааст. Ваксинзании саросарӣ, ки дар Тоҷикистон идома дорад, монеъи доман задани беморӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG