Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қирғизистон кӯчаҳои Ошро посбонӣ мекунанд


Нерӯҳои Қирғизистон имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри Ош гаштзанӣ мекунад, ки ба саҳнаи низоъи хунини миёни қирғизҳову ӯзбакҳо табдил шуд. Дар ин муноқиша то кунун 187 нафар кушта ва тақрибан 2000 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Ҳазорон овораи ӯзбак, ба Ӯзбакистон гурехтаанд ва теъдоди бештаре ҳам саъй доранд, худро ба он кишвар бирасонанд. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон аз Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал тақозо кардааст, ҳарчӣ зудтар ба ӯзбакҳои бехонумоншуда кӯмак расонанд. Муассисаи паноҳандагони Созмони Милал гуфт, ду ҳавопаймои кӯмакҳои хайрия дар шаҳри Андиҷон фуруд омадааст.
XS
SM
MD
LG