Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз Иттиҳодияи Аврупо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз такрори сарнавишти Юнон бо дигар кишварҳои узв, меъёрҳои сахтгиронаи молиро тасвиб кунад. Дар ҳамоиши якрӯзаи худ дар шаҳри Брюссел сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо саъй хоҳанд кард, то аз бонкҳои ҷаҳон, барои ҳаргуна бӯҳрони молии эҳтимолӣ дар оянда як хироҷи байналмилалӣ ситонида шавад. Ҳамчунин бими он меравад, ки Испониё панҷумин иқтисоди бузурги Иттиҳодияи Аврупо, бо пайравӣ ба Юнон барои рафъи мушкилоти молиаш аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки моли хоҳад хост. Вале Жан Клод Ҷанке, нахуствазири Люскембург дар остонаи нишаст гуфт: "Ман ҳеҷ аломате намебинам, ки Испания дар мавқеъе бошад, ки аз мо кӯмак бихоҳад. Ба андешаи ман ҳаяҷон дар бораи Испониё зиёд аст, вале ҳеҷ ангезае барои ин вуҷуд надорад." Ҳамчунин қарор аст, дар ҳамоиши сарони Иттиҳодияи Аврупо, таҳримоти нав алайҳи Эрон барои барномаҳои атомиаш эъмол шавад.
XS
SM
MD
LG