Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил муҳосираи заминии Ғаззаро сабук кард


Ҳукумати Исроил имрӯз муҳосираи заминии Навори Ғазза сабуктар кард ва иҷоза дод, то молу колои бештари ғайринизомӣ ба ин минтақаи таҳти назорати созмони Ҳамос ворид шавад. Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил эълом кард, номгӯи маҳсулоти воридотӣ барои Ғазза аз ҷумла масолеҳи сохтмониро бештар кардааст. Исроил ин қадамро баъд аз он бардошт, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои юриши маргбораш ба киштиҳои кӯмакрасони Ғазза дар рӯзи 31 май башиддат интиқод шуд.
XS
SM
MD
LG