Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон дар пайи тавлиди нерӯи барқи атомии зиёд


Ҳукумати Покистон мегӯяд, умедвор аст, дар заминаи ҳамкориҳои мавҷудаи ҳастаӣ бо Чин миқдори қобили мулоҳизаи тавлиди нерӯи барқи атомӣ ҳосил кунад. Дар Покистон камтар аз дуввуним дарсади нерӯи барқи он атомист ва ин кишвар қасд дорад, то соли 2030 бо ҳамкорӣ бо Чин ҳазорон мегават нерӯи барқи атомӣ тавлид кунад. Абдул Басит, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон дар ин бора ба Радиои Машъал гуфт: "Мо то кунун бо кӯмаки Чин нерӯи барқи атомӣ тавлид мекунем ва ҳадаф дорем, то соли 2030, ҳашт ҳазору ҳаштсад мегават нерӯи барқи атомӣ ба даст орем. Ин барои рушди иқтисодии мо зарур аст." Покистон, ки ба бӯҳрони сахти энержӣ рӯ ба рӯст, мӯҳтоҷи ҳазорон мегават нерӯи барқи изофист ва Тоҷикистон низ дар симои ин кишвар бозори хубе барои фурӯши нерӯи барқи арзони худ мебинад.
XS
SM
MD
LG