Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоб дар пайи ҳаводиси ахири Қирғизистон аз шаҳри Ӯш то ба ҳол 60 нафар шаҳрвани Тоҷикистон, ки бештарашон сокинони Мурғоб ҳастанд, берун бароварда шуданд. Вале даҳҳо нафар интизори кӯмак барои баромадан аз Ӯш ҳастанд.

Давлатмо Вазирова, донишҷӯи факултаи тибии Донишгоҳи Ӯш мегӯяд, ки дар байни афроде, ки бо қатори нахустин аз шаҳри Ӯш ба Мурғоб омаданд, 10 нафар тоҷикон ва дигарон шаҳрвандони қирғиззабони кишвар ҳастанд.

Намояндаи мақомоти ноҳия Мурғоб Кожомбердӣ Ниёзбеков гуфт, ки ба манзури таъмини бехатарии шаҳрвандони кишвар, ки дар Ӯш таҳсил ва ё кору зиндагӣ мекунанд, бо ибтикори мақомоти ноҳия корвон ташкил шуда, сокинон ва хешовандон барои ҳар як ҷойи нишаст то 150 сомонӣ пардохт намуданд ва маводи ғизоӣ кӯмак карданд.

Давлатмо Вазирова мегӯяд, ки қаторашон аз ҷониби намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва ҳарбиён ҳамроҳӣ шудааст, аммо ҳарбиёнро аз субҳ то бегоҳ дар майдони шаҳри Уш интизор шудан лозим омад.

Тоҷикҳо тараф нестанд

Ба гуфтаи Давлатмо, тарафҳои низоъ дар Ӯш ба тоҷикон кордор нестанд, аммо манзили холааш, ки дар маҳаллаи узбакнишин қарор доштааст, тасодуфан дар қатори дигар хонаҳо ба коми оташ кашида шудааст.

Ба гуфтаи Бунёдбек Одилбеков, яке аз сокинони дигари Мурғоб, ки нав аз шаҳри Уш омадааст, агарчанде тоҷикон дар низоъ ширкат надоранд, аммо бинобар авзоъи номуайяни сиёсӣ кафолати бехатариашон вуҷуд надорад ва аз ин рӯ бачаҳо ва занону духтарон хоҳони баромадан аз он ҷо ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар шаҳри Ӯш, ки нахост номаш гуфта шавад, дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори «Озоди» гуфт, онҳо рӯихати 110 нафар занону кӯдаконро дар даст доранд, ки ба баромадан аз шаҳр ниёз доранд.

Тоҷикони интизори кӯмак

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳафтаи дуввум аст, ки бештари тоҷикон дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд ва ба камбуди маводи ғазо рӯбару шудаанд.

Ӯ гуфт, интизор мерафт, ки имруз теъдоде аз ин афрод бо тайёрае, ки аз Тоҷикистон ба Ӯш кӯмаки ғазоӣ интиқол медиҳад, бояд ба Тоҷикистон бармегаштанд, аммо бо сабаби номаълум парвоз мавқуф гузошта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин ваъдаи ташкили қатор ва ба шаҳри Хуҷанд бурдани шаҳрвандони Тоҷикистони, ки хоҳиши баромадан аз Ӯшро доранд, аз ҷониби масъулини намояндагии Тоҷикистон то ба ҳол ноиҷро мемонад.


Хешовандони тоҷикони муқими Ӯш тайи муроҷиат ба мақомоти вилояти Бадахшон хостори кӯмак барои бароварди пайвандони худ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG