Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони Афғонистон ба Тоҷикистон меоянд


Сафорати Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, ки ба зудӣ як ҳайъати бузурги тоҷирони афғон барои гуфтӯгу бо ҳамтоёни тоҷики худ вориди Тоҷикистон мешаванд. Ба иттилоъи хабаргузории расмии “Ховар”, рӯзҳои 25 то 27 июн дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи тавлидоти 65 ширкати афғонӣ баргузор мешавад ва дар ҳошияи он 250 соҳибкору тоҷири афғон бо ҳамтоёни худ доир ба тавсиаи ҳамкориҳо гуфтӯгу хоҳанд кард. Ҳайъати соҳибкорону тоҷирони Афғонистонро Ғуломмуҳаммади Айлокӣ, вазири тиҷорати ин кишвар сарпарастӣ мекунад. Бино ба гузоришҳо, гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли гузашита 72 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG