Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ рӯзи шашуми рақобатҳо, 16-уми июн, се бозӣ баргузор шуд.

Нахуст тимҳои Гондурас ва Чили дар гурӯҳи Н рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Чили анҷом ёфт. Голи ягонаро Босежур дар дақиқаи 34-ум зад.

Бозии дигари гурӯҳи Н байни тимҳои Испониё ва Швейтсария сурат гирифт. Ғайриинтизор Испониё бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Испониё қаҳрамони футболи Аврупост ва аз он муддаъии аслии қаҳрамони ояндаи футболи ҷаҳон ном мебаранд. Дар 50 бозии ахир ин дуввумин бохти дастаи мунтахаби Испониёст. Дар давоми бозӣ испониҳо бартарӣ доштанд, вале натавонистанд хати дифои Швейтсарияро рахна кунанд. Вале Желсон Фернандес, аз дастаи Швейтсария, дар дақиқаи 52-юм хати дифоъи ҳарифро рахна кард ва тӯбро вориди дарвоза намуд.

Рӯзи шашуми мусобиқот бозии даври дуввум дар гурӯҳи А байни тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Уругвай доир шуд. Уругвайиҳо бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Ду голро Форлан дар дақиқаҳои 24-ум ва 80-ум (пенолти) ва як голро Перейра (дақиқаи 90-ум) ба самар расонданд. Воқеъан, Форлан бо 2 гол алъон беҳтарин нишонзани мусобиқот аст.

Ба ин тартиб дар шаш рӯзи мусобиқот дар 8 гурӯҳ 17 бозӣ баргузор шудааст:

Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0, ҶАҶ – Уругвай – 0:3.
Уругвай – 4 (2 бозӣ). Мексика – 1 (1). Фаронса – 1 (1).ҶАҶ – 1 имтиёз (2).

Гурӯҳи В – Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0.
Кореяи Ҷанубӣ - 3 (1). Аргентина – 3 (1). Нигерия – 0 (1). Юнон -0 (1).

Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1.
Словения – 3 (1). Инглистон – 1 (1). ИМА – 1 (1). Алҷазоир – 0 (1).

Гурӯҳи D – Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 4:0.
Олмон – 3 (1). Гана – 3 (1). Сербия – 0 (1). Австралия – 0 (1).

Гурӯҳи Е – Ҳолланд – Дания – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0.
Ҳолланд – 3 (1). Ҷопон – 3 (1). Камерун – 0 (1). Дания – 0 (1).

Гурӯҳи F – Итолиё – Парагвай – 1:1, Зеландияи Нав – Словакия – 1:1.
Итолиё – 1 (1). Парагвай – 1(1). Зеландияи Нав – 1 (1). Словакия – 1 (1).

Гурӯҳи G - Кот – Д’ Ивуар – Португол – 0:0, Бразил – Кореяи Шимолӣ - 2:1.
Бразил – 3 (1). Кот – Д’ Ивуар – 1 (1). Португол – 1(1). Кореяи Шимолӣ - 0(1).

Гурӯҳи Н – Гондурас – Чили – 0:1, Испониё – Швейтсария – 0:1.
Чили – 3 (1). Швейтсария – 3 (1). Гондурас – 0 (1). Испониё – 0 (1).

Имрӯз, 17-уми июн, чаҳор дастаи гурӯҳи В дар даври дуввум рақобат мекунанд. Соати 16.30 бо вақти Душанбе тимҳои Аргентина ва Кореяи Ҷанубӣ, соати 19 бо вақти Душанбе дастаҳои Юнон ва Нигерия қувваозмоӣ хоҳанд кард. Бозии даври дуввум дар гурӯҳи А соати 23.30 бо вақти Душанбе миёни тимҳои Фаронса ва Мексика шурӯъ мешавад.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG