Пайвандҳои дастрасӣ

«Оғози ҷанги обӣ», «Қирғизистон дар мегирад», «Афғонистони дуввум», «Аудити шубҳаовари «Барқи тоҷик», «Ба Медведев нома менависам», «Як соли террор бар Тоҷикистон», унвони аслии сармақолаҳои ҳафтаномаҳои имрӯзи чопи Душанбе мебошанд.

«Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Як соли террор бар Тоҷикистон» менависад, Ӯзбакистон алорағми қавонини байнулмилалӣ аз фишорҳои рӯйрост бар ҳамсоякишвараш мехоҳад бар ҳадафҳои сиёсиву иқтисодиаш даст ёбад. Дар матлаб изҳори ҳайрат мешавад, ки чаро созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ин амр оҷизӣ нишон медиҳанд. Муаллифи матлаб суол медиҳад, ки оё ин фишорҳо таҳдид ба амнияти Тоҷикистон ва террори мардумаш нест?

Шурӯъи ҷанги обӣ дар Осиёи марказӣ

«Миллат»
дар матлабе таҳти унвони «Оғози ҷанги обӣ» менависад, ҷараёни ҳодисаҳои Қирғизистон нишон медиҳад, ки ду кишвар - Ӯзбакистон ва Русия бештар аз ҳар кишвари дигар манфиатдори низоъ дар Қирғизистон мебошанд.

Дар матлаб омадааст, заъиф кардани Қирғизистон, ки шарики стратегии Тоҷикистон аст, қабл аз ҳама бар зиёни ахирӣ тамом мешавад, зеро агар Қирғизистон бо мушкили дохилии худ машғул шавад, Тоҷикистон дар баҳси доғтарини минтақа — об танҳо хоҳад монд.

Ин нашрия ҳаводиси Қирғизистонро кори дасти Русия ва Узбакистон унвон карда ва навиштааст, ки панҷрӯза низоъи қавмӣ дар Қирғизистон шояд панҷоҳ ва ё садсола пайомад дошта бошад.

Афғонистони дуввум

«Азия плюс»
дар матлабе бо номи «Қирғизистон дар мегирад» батафсил ҳаводиси Қирғизистонро ба риштаи тафсиру таҳлил кашидааст. Як коршинос ба ҳафтанома гуфтааст, ки беназмиҳо раъйгирии мардумиро барои Сарқонун имкон намедиҳанд, дар натиҷа диктатураи низомӣ ҷорӣ мешавад ва ночор нерӯҳои зудамали СПАД ё ОДКБ бояд даъват шаванд, ки Русияро дар ин «Афғонистони дуввум» манъ мекунад ва ин ҳама ба нафъи Амрико тамом мешавад. Яъне пойгоҳи низомиашро аз Қирғизистон берун намекунад.

Коршиноси дигар гуфтааст, ворид шудани нерӯҳои Русия ба Қирғизистон ворид шудани нерӯҳои ин кишвар дар солҳои 90-и ба Тоҷикистонро мемонад, ки барои ҳимояти иншоотҳои низомӣ ва шаҳрвандонашон омаданд, аммо аз як ҷониби даргириҳо пуштибонӣ карда, сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуданд.

«Фараж» мусоҳибаи Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирини кории тоҷик дар Русияро таҳти унвони «Ба Медведев нома менависам» нашр кардааст, ки гуфтааст, чанд иқдоми ахире, ки дар Русия гирифта шуд, аз ҷумла изҳороти Генадий Онишенко, раҳбари хадамоти беҳдоштии ин кишвар тасоддуфӣ на, балки сиёсӣ буд. Аз ҷониби дигар, оқои Шарипов гуфтааст, Тоҷикистон ҷанги иттилоотиро ба Ӯзбакистону Русия бохтааст.

«Пайкон» дар матлабе бо унвони «Роҳи ғорат» ба мавзӯи пулчинии ширкати Инновейтед Роуд Солюшнз дар роҳи Душанбе - Чаноқ пардохтааст. Дар ин матлаб омадааст, чун ин ширкат кулли маълумот дар бораашро махфӣ медорад, пас метавон хулоса кард, ки пуштибононаш афроди дастдароз дар ҳукумат ҳастанд ё худи ҳукумати Тоҷикистон.

«Озодагон» дар матлабе таҳти унвони «Аудити шубҳаовари «Барқи тоҷик» менависад, аудити ширкат, ки аз сӯи «Марка аудит Бишкек»-и Русия анҷом ёфтааст, ҳеҷ далели фасодзадагии онро ошкор накардааст, дар ҳоле ки коршиносон ин ширкатро аз фасодзадатрин ниҳодҳои Тоҷикистон унвон мекунанд. Дар матлаб омадааст, агар аудит чунин аст, пас нагузарониданаш беҳтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG