Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нируҳо контроли вазъ дар Ӯшро дар даст доранд


Нируҳои Қирғизистон вазъро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Ӯш назорат мекунанд. Ин шаҳр дар ҷануби Қирғизистон маркази хушунатҳои ахири миёни қирғизҳо ва узбакҳо буд, ки 187 нафар кушта ва тақрибан 2000 нафар маҷруҳ гузошт. Узбакҳо, ки қурбонии аслии ин нооромиҳо мебошанд, ба қаламрави Узбакистони ҳамсоя фирор кардаанд. Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон аз Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ дархост кардааст, ки ба паноҳҷӯён ва беҷошудагони узбак кӯмакҳои фаврӣ расонда шавад. Ожонсии СММ дар умури паноҳҷӯён мегӯяд, ду ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои башарӣ дар шаҳри Андиҷон фуруд омадааст.
XS
SM
MD
LG