Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои Амрико бар зидди ширкатҳои эронӣ


Давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дирӯз баъзе аз ширкатҳои эрониро ба феҳристи сиёҳи таҳримҳо ворид кард. Ин таҳрим дар ҳоле эълон мешавад, ки ҳафтаи пеш Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи чаҳоруми таҳримҳои зидди Эронро ба тасвиб расонд. Стюарт Ливӣ-муовини вазир дар корҳои терроризм ва кашфи молӣ дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт:

"Натиҷаи умумии талошҳо ин аст, ки интихоби Эрон беш аз пеш рӯшан мешавад: Ё роҳи пешниҳодкардаи президент Обама ва маҳофили байналмиллалиро бояд интихоб кунад ё дар ҳамон роҳе бимонад, ки Эронро бештар дар муҳосира қарор медиҳад".


Ба таҳримҳои зидди Эрон ширкатҳои замонатдиҳанда, ширкатҳои нафтӣ, киштиҳое, ки ба барномаҳои ҳастаии Эрон иртибот доранд, шомил мешаванд. Ин таҳримҳо ба сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ дахл дорад.

XS
SM
MD
LG