Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БП зарари расидаро худаш пардохт мекунад


Ширкати Бритиш Петролиуми Британия розӣ шуд, ки дар посух ба дархостҳои шадиди Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мустақилона арзиши осеби ворида аз резиши нафт ба оби Халиҷи Мексикаро пардохт кунад. Барак Обама дар ин бора гуфт:

"БП ошкоро қавл дод, ки ба шикоятҳои мардуми халиҷ барои қарзҳояш хуб пардохт мекунад. Ба ин тартиб тавофуқе, ки мо ба он даст ёфтем, заминаи молӣ ва қонунии ин корро фароҳам меорад".

Ин тавофуқ дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони ширкати Бритиш Петролиум бо Барак Обама дар мулоқоти Кохи Сафед ба даст омад. Резиши нафт ба обҳои халиҷ ба муҳити зисти Амрико зарари бесобиқа расондааст.
XS
SM
MD
LG