Пайвандҳои дастрасӣ

Мун хостори кӯмак ба беҷошудагони ҷангҳои Қирғизистон шуд



Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ даъват кард, ки барои паноҳҷӯёни узбак, ки аз ҷангҳо дар Қирғизистон паноҳ мебаранд, кӯмакҳои башарӣ расонда шавад. Бан Ки Мун дар роҳи бозгашти худ аз Лондон ба Нию Йорк ҳангоми таваққуфи мухтасар аз фурудгоҳи Лондон бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон телефонӣ гуфтугӯ кард. Бан Ки Мун гуфт, вай ҳар гуна кӯмаки заруриро дар ҳамоҳангӣ бо ожонсиҳои марбутаи СММ ва ҳукуматҳои минтақа сафарбар хоҳад кард, то ба афроди беҷошуда ва паноҳҷӯ кӯмак расонда шавад. Ин афрод дар Узбакистон паноҳ ҷустаанд.

XS
SM
MD
LG