Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди президент дар догоҳ пирӯз шуд


Дирӯз додгоҳи Алмаато тасмими худро дар мавриди парвандаи Тимур Қулибоев-домоди президент Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон эълон кард. Додгоҳ гуфтааст, иддао дар бораи он, ки Қулибоев дороии давлатиро моли худ кардааст, асос надорад. Қулибоев муовини раиси ширкати молии давлатии Самрук-Қазина мебошад. Моҳи январ Мухтор Аблиёзов-раиси пешини Бонки БТА-и Қазоқистон дар як сафҳаи интернетӣ шикоят карда буд, ки домоди раиси ҷумҳур ҳангоми кор ба ҳайси раиси ширкати нафту гази "КазМунауГаз" ба арзиши миллионҳо доллар дороиро моли худ кардааст. Қулибоев ва вакилони мудофеъи вай бар зидди Аблиёзов парванда боз карданд ва гуфтанд, ки иддаои вай асос надорад. Дирӯз додгоҳ аз Қулибаев дифоъ кард ва мавзегирии вайро дуруст шуморид.
XS
SM
MD
LG