Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Арманистон барои як қонуни баҳсбарангез


Созмонҳои байналмилалӣ қонуни нави баҳсбарангези Арманистонро интиқод карданд, ки ба гуфтаи гурӯҳҳои тарафдори озодии матбуот, ба ҳукумат иҷоза медиҳад, тамоми телевизиону радиоҳоро зери назорат дошта бошад. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Ҳюман Райтс Вотч, аз муқаррароти қонуни нав доир ба телевизион ва радио ибрози нигаронӣ кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо санади мазкур ба гуногунандешӣ дар ин расонаҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ин санад меъёрҳои мушкилофар барои сабти расмии телевизиону радиоҳоро муқаррар кардааст ва ҳамчунин сабаби коҳиши теъдоди телевизиону радиоҳо мешудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG