Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ аз Душанбе то Исломобод наздик шуд


Охири ҳафтаи гузашта нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайрҳои Бишкек-Душанбе-Исломобод ва Исломобод-Душанбе-Бишкек сурат гирифт. Ва аммо аз ифтитоҳи ин хайсайр бисёриҳо дар Тоҷикистон бехабар монданд.

Ҳавопаймои ширкати давлатии “Kyrgyzairlines” ҳафтае як бор мусофиронро аз пойтахти Тоҷикистон то ба Исломобод мерасонад. Созиш дар бораи ифтитоҳи хати мустақими парвоз миёни Душанбе ва Исломобод соли гузашта дар музокироти раисони ҷумҳуриҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ҳосил шуда буд.

Зубайд Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар як сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки хатсайри ҷадид, ба вижа, барои тоҷирони тоҷик муҳим аст, ки метавонанд аз бозорҳои Покистон маводи гуногунро бо қимати хело пойин харидорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол аз Покистон ба бозори Тоҷикистон маводи зиёд, аз ҷумла озуқаву либос ва масолеҳи бинокорӣ, ворид мешавад. Мутаассифона, меафзояд сафир, ин ҳама аз тариқи тоҷирони дигар кишварҳо ва бо қимати гаронтар ба Тоҷикистон мерасанд.

Ба гуфтаи Зубайд Зубайдов, “агар ба ин тиҷорат худи тоҷикҳо машғул шаванд, қимати ин молу мавод дар бозорҳои Тоҷикистон пойин хоҳанд рафт”. Ба вижа, ки акнун имкони сафар фароҳам омадааст ва парвоз аз Душанбе то Исломобод ҳамагӣ як соату 20 дақиқа идома меёбад. Дипломати тоҷик гуфт, ки молу маводро аз шаҳрҳои Покистон ба Шерхонбандари Афғонистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон метавон интиқол дод. “Тайи якуним соле, ки ман дар мақомам ифои вазифа мекунам, ҳанӯз ягон бор нашунидаам, ки корвони мошинҳои ҳомили бор барои Тоҷикистон дар қаламрави Покистону Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифта бошад”, мегӯяд Зубайд Зубайдов.
Ба Маккаву Мадина - тавассути Исломобод

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, дар рейси нахустин аз Душанбе ба Исломобод ҳамагӣ панҷ мусофир парвоз карданд, зеро бисёриҳо дар Тоҷикистон бораи ин хатсайр иттилоъ надоштанд. Зубайд Зубайдов афзуд, хатсайри нав боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони беҳтари сафар ба кишварҳои арабӣ ва мамолики Осиёи ҷанубиву ҷанубу шарқиро фароҳам месозад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи байнулмилалии Исломобод ба ҳама кишварҳои арабӣ ва кишварҳои осиёӣ парвоз мекунанд ва, бигирем, ба Бангкок ҳафтае се-чор парвоз сурат мегирад. Аз фурӯдгоҳи Исломобод метавон айёми Ҳаҷҷи акбар ва барои зиёрати Маккаву Мадина ҳам истифода кард.

Терроризм – садди роҳи сафар нест?

Аз сафири Тоҷикистон дар Исломобод суол кардем, ки оё хабарҳо дар бораи ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои бузурги Покистон, садди роҳ барои сафари шаҳрвандон, ва аз ҷумла тоҷирони Тоҷикистон, ба ин кишвар нахоҳад шуд?

Ӯ дар посух гуфт, ки Исломобод, Қарочӣ ва Лоҳур шаҳрҳои нисбатан ором маҳсуб мешаванд, ҳарчанд дар он ҷойҳо гоҳ-гоҳ ҳамлаҳои террористӣ сурат мегиранд: “Рух додани бархе ҳамлаҳои террористӣ маънои онро надорад, ки вазъ дар сартосари Покистон ҳамин гуна аст, мардум озодона мегарданд, ягон мушкиле нест”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сафир, минтақаҳое, ки задухурдҳо сурат мегиранд, аз марказ хело дур воқеъанд. Ӯ меафзояд, ки, бидуни шубҳа, бехатарӣ муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст ва аммо, вазъи амниятӣ дар Исломободу Қарочиву Лоҳур воқеъан ҳам бад нест.

Зубайд Зубайдов дар поёни сӯҳбат гуфт, ки қимати чипта аз Душанбе то ба Исломобод тақрибан 380 доллар ва ба ду ҷониб (Душанбе-Исломобод-Душанбе) 520 доллар муқаррар шудааст. Ӯ афзуд, ки дар сурати зиёд шудани теъдоди хоҳишмандони сафар аз тариқи ин хатсайр шояд парвози ҳавопаймо ҳафтае ду бор сурат бигирад ва сафорат бо ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон дар бораи пойин бурдани қимати чиптаҳо низ ҳатман вориди гуфтушунид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG