Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон, аз раванди рӯзафзуни ҷалби бармаҳали насли наврас ба кор нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин шабу рӯз ҳар кӯдаки ҳафтум дар таъмини рӯзгор саҳм мегирад ва зиндагии сангин бачаҳоро аз лаззати айёми хуби кӯдаки маҳрум сохтааст.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии меҳнат ва Бунёди наҷоти кӯдакони Бритониё, заҳмати ҳазорҳо кӯдаки тоҷик дар бозору саҳрои кишвар ниҳояти мушкилот нест, таҷовуз ва сӯйистифодаи ҷинсии онҳо дар наворҳои фаҳшҳо тамоюлест, ки бояд ҷомеъаро нигарон созад.

Кор ба ҷои таътил

Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаи байнулмилалии ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мегӯяд, бахусус дар таътили тобистона кори кӯдакон афзоиш меёбад, ва мутаассифона ҷомеа ин тамоюлро ҳамчун як падидаи маъмулӣ арзёбӣ ва ба рушди он мусоидат мекунад.

Муҳайё мегӯяд: "Тасаввур кунед, ки 9 ҳазор кӯдаки тоҷик дар муҳоҷирати дохилӣ қарор дорад. Ва касеро ин андеша азият намедиҳад, ки бачаҳо дур аз падару модар чӣ гуна бузург мешаванд ва шабро дар куҷоҳо ба саҳар мебаранд. Ва касе ҳам тасаввур намекунад,ки меҳнати кӯдак чӣ гуна аст ва онҳо чи вазниниҳоро пушти сар месозанд. Масалан дирӯз вақте ,ки дар яке аз бозорҳои пойтахт харид мекардам, як марди азимҷуссаеро дидам,ки дар даст танҳо як мобил дошту харид мекард ва ду писарак, яке 7 сола ва дигари 9 сола як аробаи вазнинеро аз пушташ мекашонданд. Ман дигар тоқат накардам ва аз он мард пурсидам оё худи вай фарзанд дорад? Вай гуфт бале. Ман гуфтам, пас чаро онҳоро бо худ ба бозор намеоред то ба шумо ёрӣ бидиҳанд? Хулоса ман ҳамчун як намояндаи созмони ҷаҳонии кор метавонам бигӯям, ки вазъи истифода аз нерӯи кӯдакон дар ҳоли ҳузнангез қарор дорад."

Ҳарчанд сӯистифода аз нерӯи кӯдакон ба унвони мушкили умдаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, аммо то имрӯз мизони ҷалби кӯдакон ба кор дар кишвар дақиқ нест. Дар ҳамин ҳол Аҳад Оташехов, сардори шӯъбаи бахши назарсанҷии меҳнати кӯдакони вазорати ҳифзи иҷтимоъӣ гуфт, аз сӯи онҳо танҳо дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки чандон калон нест, 230 ноболиғ муайян шуд, ки дар ҳавои тафсон ба кори сахти ҷисмонӣ машғул буданд.

Коргарони кӯчак ва бешартнома

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон кордиҳанда ҳангоми қабули коргари кӯчак бо ӯ шартнома намебанданд дар баробари ҳифзи ҳуқуқи ӯ масъулият эҳсос намекунад. Аксари кордиҳандагон ба коргари наврас шароити мусоиди меҳнатӣ, мисли вақти кофӣ барои танаффус ,музди мувофиқ ва муҳити бехавфро фароҳам намеоранд.

Шукрулло Қодиров, як ходими масъули вазорати иҷтимоъии кишвар мегӯяд, соли равон 17 корхона барои истифода аз нерӯи кӯдакон, ба малағи 700 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Моҳираи Абдуқаҳҳор, намояндаи «Мактаби рӯзноманигорони ҷавон», ки бевоиста дар байни кӯдакони коргар назарсанҷӣ анҷом додааст, мегӯяд, аксари мусоҳибон гуфтаанд, ки аз чунин шеваи зиндагӣ ва иҷрои кори сахти ҷисмонӣ хаста шудаанд. Ба гуфтаи Моҳира, дар ҳоле ки ин наврасон аз мактабу хатту саводи кофӣ бенастб шудаанд, аммо орзӯ доран, ки дар оянда ҷойи кори хуб пайдо кунанд ва зиндагии шоиста дошта бошанд.

Дар асорати фақру нодорӣ

Ҷомеъашиносон мегуянд, сӯистифода аз меҳнати кӯдакон қабл аз ҳама ба фақр, муҳоҷирати корӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ бастагӣ дорад. Сабоҳат Олимова, раҳбари созмони ҷамъияти Аврора, ки аз соли 1990 ба ин сӯ дар кишвар фаъолият мебарад, роҳи аслӣ коҳиши ин тамоюлро дар боло бурдани сатҳи зиндагии хонаводаҳои камбизоат мебинад.

Сабоҳат Олимова мегӯяд, то имрӯз ӯ бо кӯдакони хиёбонӣ аз ҷумла 42 духтари ноболиғ, ки шуғли фоҳишагарӣ доштанд, кор бурдааст. Ба гуфтаи Сабоҳат Олимова, аксаран худи волидайн ва пайвандон боиси бероҳа шудани ин духтарони худ шудаанд. Сабоҳат афзуд:

"Бояд гуфт, бо чунин духтарон кор бурдан хеле мушкил аст. Аммо мо тавонистем нисфи ин духтаронро ба зиндагии солим баргардонем. Онҳо қабл аз ҳама дар оила озори ҷинсӣ мебинанд. Маслан ман бо 6 духтар аз як хонавода кор бурдам, ки бародараш онҳоро бар ивази маблағи муайян ба дӯстонаш мефурӯшад. Дар бештари маворид духтарон аз ҷониби падарандарони худ таҷовуз мешаванд. Аммо мутаасиффона нисабти чунин амалҳо танҳо як парвандаи ҷиной оғоз мешавад, дигар ҳеҷ. Дар аксар ҳолатҳо духтарҳо ба мактаби махсуси кӯдакони душвортарбия интиқол дода мешаванд ва модарашон аз онҳо даст мекашанд. Яъне ҳама кор аз оила оғоз мешавад."

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки теъдоде аз кӯдакону духтарони тоҷик қурбони қочоқбарон мешаванд, ва мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки танҳо дар соли гузашта 17 духтари ноболиғи аз 12 то 16 сола аз кишварҳои Араб ба Тоҷикистон баргардонида шуд, ки осеби равониву ҷисмонӣ дидаанд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҷалби кӯдакон ба меҳнат дар Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба як фарҳанги норавои ҷомеа аст. Ва дар сурати боло нарафтани сатҳи иқтисодии хонаводаҳо даргумон аст, ки ин мушкил дар чанд соли наздик ҳалли худро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG