Пайвандҳои дастрасӣ

Дучархасаворони тоҷикро дар Русия латтукӯб карданд


Алишер Хушвахтов

Алишер Хушвахтов

Ду ҷаҳонгарди дучархасавори тоҷик, ки моҳи апрел ба сафари 100-рӯза баромада буданд, дар вилояти Краснодари Русия мавриди латукӯб қарор гирифта, як дучархаро аз даст додаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон Алишер Хушвахтови 25- сола, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Саидалӣ Азизови 27-сола, муаллими мактаби миёнаи шумораи 28-и шаҳри Душанбе, бо дучарха ё велосипед аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба сафари 100-рӯзаи ҷаҳон баромада буданд. Имрӯз аз оғози сафари ӯ онҳо 36 рӯз сипарӣ шуд.

Дар сӯҳбате, ки бо Алишер Хушвахтов доштем, аз ӯ пурсидем, ки бо онҳо чӣ иттифоқ афтод. Вай гуфт, "шоми дирӯз вақте мо аз Украина вориди вилояти Краснодари Русия шудем, дар роҳ як мошини бо панҷараҳои сиёҳ истод ва аз он 5-6 нафар ҷавонони маст берун шуда, моро дашном доданд ба мо ҳамла карданд. Онҳо ҳама маст буданд. Мо муқобилият нишон додем, вале чун шумори онҳо зиёд буд, мо рӯ ба гурез ниҳодем. Ҳамлаварон як велосипед ва дигар борҳои моро гирифтанд. Ин ҳодиса дар як шоҳроҳе дур аз шаҳру деҳот рух дод. Дар роҳ як ронандаи маҳаллӣ ҳоли моро пурсида, хост барои бозпас гирифтани велосипед ва борҳои мо кумак кунад. Вале онҳо дубора ба мо ҳамла карданд ва мо гурехтем".

Суол: Ҳамлаварон шаҳрвандони кадом кишвар буданд?

Алишер: Аз рӯи симояшон ҳама славянӣ буданд.

Суол: Барои пайдо кардани дучархаи худ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардед?

Алишер:
Мо ҳамон шаб ба як деҳае расидем ва аз сокинони маҳаллӣ хоҳиш кардем, ки кормандони мақомотро барои ҳалли ин мушкил ҷеғ зананд. Баъд мо ба ҷои ҳодиса баргаштем. Вале дар он ҷо ба ҷуз қошуқу табақ дигар чизе наёфтем.

Суол: Чунин ҳодисаҳо дар дигар кишварҳо бо шумо рух дода буд?

Алишер: Қаблан чунин як ҳодиса дар шаҳри дигари Русия – Перм рух дода буд. Вале дар он чо борҳои моро шабона дуздида буданд. Зарари молии мо дар шаҳри Перм 900 доллар буд.

Суол: Шумо бо ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ва ё сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар дар тамос шудед?

Алишер: Мо бо раиси ҷамъияти тоҷикони Краснодар занг задем. Ӯ ваъда кард, ки ба мо кумак мекунад, вале то ҳол ягон кумаке ба мо аз касе нарасидааст.

Суол: Алишер, хоҳишмандон чи гуна метавонанд ба шумо кумак кунанд оё суратҳисоби бонкӣ доред?

Алишер: Бале, мо суратҳисоб дорем. Дар cомонаи www.ts.tj иттилоот дар бораи корти кредитии ман аст, ҳар он нафаре, ки мехоҳад дар ин қазия моро дастгирӣ кунад, метавонад саҳм гузорад.

Суол: Имрӯз ки ба ин ҳодиса дучор шудед ва ҳоло ягон нафар кӯмак карданӣ нест аз иқдоми ҷаҳонгардӣ пушаймон нестед?

Алишер: Ба ин суол ҷавоб додан душвор аст. То ҳоло бовариамон намеояд, ки мо дар чунин ҳолат афтидем ва интизор ҳам набудем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG