Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон шароити нави музокироти ҳастаиро эълом мекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш ба зудӣ шароити музокирот бар сари барномаҳои атомиаш бо қудратҳои ҷаҳониро эълом хоҳад кард. Маҳмуди Аҳмадинажод, зимни суханроние дар Эрон гуфт, кишвараш аз даври чаҳоруми таҳримоти Шӯрои Амнияти Созмони Милал нахоҳад тарсид. Пештар аз ин Катерин Эштон раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Сайид Ҷалилӣ музокиракунадаи аршади ҳастаии Эронро ба аз сар гирифтани музокирот дар мавриди барномаҳои атомии ин кишвар даъват кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳӣ атомӣ бисозад, иддаъое, ки давлати Эрон рад кардааст.
XS
SM
MD
LG