Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон мунтазири шарҳи давлати Қирғизистон


Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон аз давлати муваққати Қирғизистон хостааст, то гузоришҳо доир ба ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои қавмӣ дар он кишварро шарҳ диҳад. Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар ҳузури вакилони мардумӣ гуфт: "Нисбати он баромади яке аз ҷонишинони Хадамоти махсуси Қирғизистон, ки тоҷикон дар онҷо иштирок мекунанд, мо дирӯз ба номи раисони кумитаҳои ҳам Қирғизистон ва Ӯзбакистон нома равон кардем, ки касе ҳаст аз тоҷикон ва ё дастгир шудааст, ба мо доир ба онҳо маълумот диҳанд, агар не, аз тариқи матбуот аз мо бахшиш пурсанд." Дар акси ҳол ба гуфтаи Хайриддин Абдураҳимов, бояд аз Тоҷикистон барои ин гузоришҳои бардӯруг маъзарат хоҳанд. Пештар аз ин расонаҳои Русия аз қавли Қувват Байболов як мақоми баландпояи амниятии Қирғизистон навиштанд, ки гӯё нишонзанҳои тоҷик дар низоъи миёни қирғизу ӯзбакҳо мушоҳида шудаанд. Аммо худи ӯ имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин баёнияе нашр накардааст:Ман чунин чизеро нагуфтаам, онҳо инро аз куҷо гирифтаанд. Ман дар изҳороту баёнияҳои худ масъул ҳастам ва кӯшиш мекунам, бе далелу субот чизе нагуям."
XS
SM
MD
LG