Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости хонаводаи Ратко Младич аз додгоҳ


Хонаводаи Ратко Младич, як фармондеҳи сербҳои боснии муттаҳам ба ҷиноёти ҷангӣ аз додгоҳb Cербистон расман хостааст, то ӯро мурда эълом кунад. Милош Салйич, вакили дифоъи хонаводаи Младич гуфтааст, аз он хотир ки аз соли 2003 то кунун ҳеҷ нишонае аз зинда будани Младич набудааст, хонавода чунин иқдом кард. Ба гуфтаи ӯ, агар Младичи бемори 68-сола, зинда ҳам мебуд, бидуни кӯмаки тиббӣ зинда намемонд. Радко Младичро додгоҳи Созмони Милал дар даст доштан ба қатли 8 ҳазор марду ҷавонони мусулмон дар Сребренитса дар соли 1995 муттаҳам кардааст. Ӯро 15 сол боз аст, ки меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG