Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: "Умри нафти осонгиру арзон кӯтоҳ аст"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, фалокати резиши нафт дар Халиҷи Мексика гӯшзад мекунад, ки дигар замони нафти осонгиру арзон ба зудӣ поён меёбад. Барак Обама, зимни суханронии телевизионӣ гуфт: "Фоҷиаи сарзада дар халиҷ, қавитарин ва дардноктарин ёдоварӣ аз он аст, ки ҳамин ҳоло фурсати пазируфтани энержии софи оянда расидааст. Барои ин насл ҳоло фурсати он расидааст, ки бо ихтироъкориҳои тоза дар Амрико, сарнавишти худи моро ба даст бигирад." Барак Обама гуфт, резиши нафт дар халиҷи Мексика бояд конгресси Иёлоти Муттаҳидаро ба пазируфтани энержии соф ва коҳиши пойбандии Амрико ба сӯзшивории нафтӣ водор кунад. Барак Обама ваъда дод, ки барои маҳор кардани резиши нафт ба Халиҷи Мексик ҳар кори мумкинро хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG