Пайвандҳои дастрасӣ

UNHCR: "Қирғизистон дар рӯ ба рӯи фалокат"


Кумиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милал имрӯз гуфт, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бӯҳрони Қирғизистон фавран дахолат накунад, ин бӯҳрон ба “фалокат” мубаддал хоҳад шуд. Антонио Гутерреш, раиси кумиссиёни мазкур гуфт, “ҳамсояҳои Қирғизистон, ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмак ба ҳукумати Қирғизистон дар амри барқарории сулҳу субот бояд ҳар кори аз дасташон меомадаро бикунанд.” Ба гуфтаи давлати муваққати Қирғизистон, аз замони бархостани муноқиша миёни қирғизу ӯзбакҳо аз 10 июн то кунун 180 нафар кушта шудаанд. Нозирони байналмилалӣ теъдоди қурбониёнро чандсад нафар мегӯянд. Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, бар асари муноқиша 200 ҳазор нафар дар дохили Қирғизистон беҷо шудаанд ва 75 ҳазор дар Ӯзбакистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG